Олмон дар Ваҳдат беморхонаи кӯдаконаи зидди сил сохт

Дар Мачитони шаҳри Ваҳдат бо сармояи Олмон, шифохонаи кӯдаконаи беморони сил ифтитоҳ шуд.

Аз Сафорати Олмон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин беморхона рӯзи 26 сентябр тайи маросиме бо ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф, ифтитоҳ шуд.

Ба иттилои манбаъ, Бонки рушди олмонии KfW тамоми хароҷоти беморхонаро, ки 60 миллион сомониро ташкил медиҳад, сармоягузорӣ кардааст.

Сафорати Олмон мегӯяд, ки дар солҳои гузашта KfW таҷдиди Маркази миллии бемориҳои сил, ҷарроҳии шуш ва сина дар Мачитонро, ки беморхонаи кӯдакона тобеи он аст, бо маблағи тақрибан 100 миллион сомонӣ маблағгузорӣ кардааст.

Тибқи иттилои Сафорати Олмон дар Душанбе, дар даҳсолаҳои охир KfW барои сохтмон ва навсозии бемористонҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба маблағи умумии 1 миллиарду 250 миллион сомонӣ кӯмак намудааст.