Хабаргузории “Мавҷи Олмон” навиштааст, ки қарори ихроҷи шаҳрванди Тоҷикистонро додгоҳи олии замини Рейн-Вестфалияи Шимолӣ рӯзи 9-уми октябр баровардааст.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки исмаш зикр нашудааст, ба гуфтаи мақомоти Олмон, соли 2015 ба сафи ДОИШ пайваста, дар Сурия ва Ироқ дар амалиёти ҷангӣ ширкат кардааст. Маълум нест, ки ӯ чӣ тавр аз ин кишварҳо то Олмон расидааст, вале ӯ соли 2017 бо қарори додгоҳи Дюсселдорф бо ҷурми “узвият дар созмони байналмилалии террористӣ” ба панҷ соли зиндон маҳкум шудааст.
Ӯ пас аз хатми адои ҷазо аз додгоҳ хоста будааст, ки ӯро ба ватанаш нафиристанд, чун "бераҳмона шиканҷа хоҳад шуд", вале додгоҳи Олмон гуфтааст, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таври шифоҳӣ кафолат додааст, ки ӯро шиканҷа нахоҳанд кард.
Шиканҷаи боздоштшудаҳо ва маҳбусон борҳо дар Тоҷикистон расонаӣ шудааст, вале додгоҳи Олмон гуфтааст, ки бо сабаби “тағйири шароит” тасмимашро дигар кардааст.
Пеш аз ин, моҳи август имсол Додгоҳи маъмурии Мюнстер шикояти ин шаҳрванди Тоҷикистонро дар мавриди бекор кардани қарори ихроҷаш рад карда будааст.
Ҳарчанд, номи ин нафар зикр нашудааст, вале тобистони соли 2016 мақомоти Олмон Маҳмадсаид Саидов, як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карда буданд. Додситонии федеролии Олмон он замон гуфта буд, ки Маҳмадсаид С. соли 2015 дар Раққаи Сурия дар сафи гурӯҳи тундрави "Далвати исломӣ" қарор доштаааст. Ӯро низ баъдан ба панҷ соли зиндон маҳкум карданд ва он замон аз ихроҷаш ба Тоҷикистон худдорӣ шуда буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон ба "терроризм" айбдор мешавад. АКСУ САДО