Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ситоди мураббиёни тими миллии кишвар таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати дастаи мунтахабро эълон намуд.
Ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 25 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар – даъват шудаанд. Аммо Алишер Ҷалилов, Ваҳдат Ҳанонов ва Ҳамадонӣ Камолов ба далели ҷароҳатҳои мухталиф дар моҳи октябр наметавонанд дар ҳайати тими миллии кишвар ҳунарнамоӣ кунанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими миллии Молдив:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Туран Товус», Озарбойҷон), Далер Азизов («Ҳосилот», Тоҷикистон);
Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Узбекистон), Раҳматшо Раҳматзода («ПСИМ Йогикарта», Индонезия), Меҳрубон Каримов («Локомотив», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз «Истиқлол», Тоҷикистон), Алиҷон Кароматуллозода («Равшан», Тоҷикистон), Мусо Қаҳҳоров («Барқчӣ», Тоҷикистон);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол», Тоҷикистон), Алишер Шукуров («Хуҷанд», Тоҷикистон), Далер Имомназаров («Регар-ТадАЗ», Тоҷикистон), Эҳсон Бобоев («Вахш», Тоҷикистон), Азизбек Далиев («Барқчӣ», Тоҷикистон), Салоҳиддин Эргашев («Равшан», Тоҷикистон);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Узбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Регар-ТадАЗ», Тоҷикистон), Рустам Соиров («Истиқлол», Тоҷикистон), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш», Тоҷикистон).
Сармураббӣ – Горан Стеванович (Сербия).
Бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Молдив 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, соати 18:00 оғоз меёбад. Нархи билет барои ҳамаи нишастгоҳҳо 20 сомонӣ муқаррар шудааст.
Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳайати доваронро, ки бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Молдивро ҳакамӣ мекунанд, тасдиқ намуд. Ин бозиро доварон аз Қирғизистон ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ довари FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Зайниддин Алимов хоҳад буд.
Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон Горан Стеванович гуфт, ки шартномааш бо Федератсияи футболи Тоҷикистон то 31-уми марти соли 2026 баста шудааст. “Бовар дорам, ки ба натиҷаи дилхоҳ даст меёбем ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбад”, - иброз дошт Горан Стеванович.
Ёдовар мешавем, рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Футболбозони тоҷик дар даври аввали мусобиқот, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, дар даври дуюм 10-уми июн бозиро дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом доданд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври дуюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал, Тоҷикистон дар зинаи дуюми ҷадвали гурӯҳ қарор доранд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад.
Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.