Пас аз истеъфои раҳбари Непал як зан ҷои ӯро мегирад

Эътирозгарон биноҳои давлатиро оташ заданд ва мансабдорон фирор карданд.

Дар Непал эҳтимолан раҳбари собиқи Додгоҳи олӣ раиси муваққатии ҳукумат мешавад.

Дар ин бора рӯзи 12-уми сентябр як манбаи хабаргузории Рейтерс иттило додааст.

Сушила Карки, собиқ раиси низоми адлия ё Додгоҳи олии Непал эҳтимолан раҳбарии муваққатии ҳукуматро ба ӯҳда хоҳад гирифт, чун ин курсӣ баъди дар пайи эътирозҳои шадиде тарки мақоми нахуствазирӣ кардани Шарма Олии коммунист холӣ мебошад.

Кишвари Непал, воқеъ дар байни Ҳинду Чин ва дар байни кӯҳҳои Ҳимолой, дар як ҳафтаи гузашта бо бесобиқатарин беназмиҳо дар таърихи ин давлат рӯбарӯ шудааст. Эътирозҳои мардумӣ, ки баъди манъи шабакаҳои иҷтимоӣ шурӯъ шуд, боиси кушта шудани 51 нафар ва ҷароҳати 1300 кас гардид. Мавҷи хушунатҳо танҳо баъди аз қудрат канор рафтани Олӣ хомӯш гардид.

Карки 73 сол дошта, аввалин занест, ки раҳбарии Додгоҳи олиро ба ӯҳда дошт ва дар миёни тарафдоронаш – ширкатдорони ҳаракати Gen-Z, ки дар садри эътирозҳо қарор доштанд, барои ҳақиқатҷӯӣ, муттаҳидӣ ва муборизааш зидди коррупсия ситоиш мешавад.

Мақомоти дигари амалкунанда дар Непал аз шарҳи мавзӯи таъини Карки худдорӣ кардаанд.

Дар давлати Непал соли 2008 монархия аз байн бурда шуд, вале аз он замон давраи бесуботии сиёсиву иқтисодии он оғоз гардид ва мардуми зиёди бекоре барои ҷустуҷӯи даромад ба давлатҳои хориҷӣ муҳоҷир шуданд.

Хабарнигори оҷонсии Ройтерз аз шаҳри Катманду иттило медиҳад, ки рӯзи ҷумъа дар пойтахт нишонаҳои дубора оддӣ шудани вазъ мушоҳида мешавад ва фурӯшгоҳҳо аз нав дарҳои худро боз карда, мошинҳо ба ҳаракат медароянд ва дар дасти полис дигар силоҳ дида намешавад. Вале ҳамоно баъзе роҳҳо баста буда тартиботро сарбозон назорат мекунанд. Мақомот ба дасти хонаводаҳо супурдани ҷасадҳоро шурӯъ кардаанд.

Сухангӯи полис гуфт, дар миёни 51 кушташуда дар як ҳафтаи ахир 21 эътирозгар, нӯҳ маҳбус, се ходими полис ва 18 нафари то ҳол ношинос мебошанд.