Полиси Маскав, ки акнун ҳақи бидуни додгоҳ ихроҷ кардани шаҳрвандони хориҷиро дорад, қарори аз Русия берун кардани 1,4 ҳазор муҳоҷири кориро содир намуд. Сеяки онҳо ё 450 нафарашон аз оғози имсол бо гуноҳи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз кишвар ронда шудаанд.
Дар ин бора бо такя ба полиси шаҳри Маскав хабаргузории Интерфакс иттило дода навишт, ки ин шумори хориҷиҳои ғайриқонунӣ дар паи 7632 рейд дар маконҳои ҷамъиятиву тиҷоратӣ ва хобгоҳҳои Маскав ошкор шудаанд.
Полис гуфтааст, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав беш аз 240 нафар ошкор шуд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои мухталиф дар ҷустуҷӯ буданд. Ба гузориши полис, дар соли ҷорӣ шаҳрвандии Русия дар нисбати 32 нафар қатъ карда шуд. Дар бист ҳолат сабаби бекор шудани шаҳрвандии ин нафарон ба содир кардани ҷиноятҳои махсусан сангини мисли куштор, одамрабоӣ ё таҷовуз ба номус рабт доштааст.
Дар идома полиси Маскав гуфтааст, ки дар соҳаи муҳоҷират соли ҷорӣ 58 ҳазор ҳолати вайрон шудани қонун ошкор шудааст.
Дар Русия баъди ҳамла ба толори консертии «Крокус сити ҳол» дар моҳи марти соли 2024, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору ҳузури муҳоҷирони корӣ қабул шуд. Инчунин, салоҳиятҳои полис дар ихроҷи муҳоҷирон бештар гардид.
Бархе ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки дар асл дурустии ҳамаи иттиҳомҳои зидди муҳоҷирон содиршуда бояд санҷида шавад, чун полис ва дигар мақомоти Русия бо истифода аз мақоми худ метавонанд осон қарорҳои нодуруст содир ва ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол кунанд.
Як мояи интиқод аз полиси Русия ин аст, ки бо шеваи бисёр бераҳмонау дағалона ва таҳқиромез ба макони зисту таҷаммӯи муҳоҷирон юриш карда, бебандубор ба санҷиши санадҳо мепардозад. Чунин шеваи бархӯрд бо муҳоҷирон, бахусус зодагони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ одат шудааст.