Пойгоҳи ҳавосанҷии арктикиро хирсҳои сафед хона карданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар як ҷазираи дурдасти Русия, ки замони шӯравӣ як бинои қароргоҳи илмию таҳқиқотии Арктика будааст, ҳоло хирсони сафед хона кардаанд.

Вадим Махоров, як блогери ҷаҳонгард бо истифода аз дронҳои наворбардор моҳи сентябр аз ҷазираи Колючини воқеъ дар Баҳри Чукчи дидан кард ва зиндагии хирсҳоро сабт намуд.

Махоров дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс гуфт, ки бовар дорад хисрҳо ин бинои партофташударо барои паноҳ ёфтан аз боду борон интихоб кардаанд. Ӯ мегӯяд, зиндагии онҳо дар истгоҳи пешини ҳавосанҷии Арктика хушу хуррам ба назар мерасад.

Дар ин истгоҳ солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таҳқиқоти илмӣ барпо мешуд ва аз он донишмандон истифода мекарданд. Баъди суқути шӯравӣ инак беш аз сӣ сол аст, ки ин бинову худи деҳа ба як ҷои матрука табдил ёфтааст.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эмомалӣ Раҳмон хост, саршумори ҷонварҳои нодир дақиқ карда шавадДар Тоҷикистон иҷоза доданд, ки 20 сар бузи нодир ва гарон шикор шавадХулосаҳои нахустин дар бораи марги садҳо саги дарёӣ дар Қазоқистон Марги ғозе аз як бемории хатарнок барои инсон сабаби бастани боғи вуҳуш шуд