Путин эътироф кард, ки ҳавопаймои AZAL бо системаи дифои зиддиҳавоии Русия суқут дода шуд

Душанбе, 9 октябр

Президенти Русия Владимир Путин масъулияти Маскав дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии AZAL-и Озарбойҷонро дар моҳи декабри соли 2024 эътироф кард.

Ӯ, ки бо раиси ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев рӯзи 9 октябр дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дидору гуфтугӯ мекард, гуфт, "мехоҳам мулоқотамон аз мавзӯи ҳассотарин, аз фоҷеаи ҳавоӣ шурӯъ шавад, ки дар ҳавои мо рух дод."

Путин дар идомаи суҳбаташ гуфт: "Ҳамон вақт дар суҳбати телефонии якуми мо, ман на танҳо узр пурсидам, ки ин ҳодиса маҳз дар фазои Русия рух дод, балки ба оилаҳои қурбониҳо тасаллияти самимитарини худро баён кардам. Мехоҳам инро бори дигар такрор кунам, нав кунам ва бигӯям, ки мо, ҳамонгуна ки машварат кардем, ба тафтишот ҳама гуна ёрии худро мерасонем. Тафтиш дар ҳоли анҷом ёфтан аст. Ҳоло дар умум мешавад дар бораи сабабҳои ин фоҷеа сӯҳбат кард."

Он замон Путин гуфт буд, ки Русия пардохти ҷубронпулиро ба ӯҳда мегирад. Алиев изҳори умедворӣ кардааст, ки барои шубҳа кардан дар дурустии тафтишот баҳонае намемонад.

Рӯзи 25 декабри соли 2024 дар наздикиҳои шаҳри Оқтауи Қазоқистон ҳавопаймои мусофирбари Embraer 190 AZAL ба замин суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, 67 нафар қарор доштанд ва 38 касашон ҷон доданд. Ҳавопаймо ба он хотир ба Оқтау рафт, ки натавонист дар шаҳри Грозний фуруд ояд. Он дар фосилаи 3 км то фурудгоҳи қазоқистонӣ суқут кард.

Ин ҳодиса равобити миёни Русияву Озарбойҷонро пуртаниш кард ва баъди он ҳам мақомоти қудратии Русия фишорро болои озаритаборҳо афзоиш дода, дар ҳодисаи мармузе ду бародаре дар боздошти полиси Екатеринбург ҷон доданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Озариҳои азиятшуда "малламӯю чашмкабуд нестанд". Ҳомии ҳуқуқ Русияро дар нажодпарастӣ гунаҳгор кард Раҳбари иттиҳодияи озаритоборони Маскавро ба Озарбойҷон ронданд"Узвҳои дарунии баданаш набуд". Таҳқиқи ҷасади марди озарии дар полиси Русия кушташуда чиро нишон дод? Тиратар шудани равобити Маскаву Боку баъди боздошти журналистони рус