Cуръати пасти интернет ва норасоии қувваи барқ ду монеаи асосии ҷалби сармоя ба Тоҷикистонанд. Ин хулосаи мақомоти тоҷик аст, ки дар барномаи ҳукуматии ҷалби сармоя зикр шудааст. Коршиносон мегӯянд, талошҳои мақомот барои ҳалли ин ду мушкил кофӣ нест.
"Ба Zoom пайваст нашуд"
Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси соҳаи фанноварӣ ва чанд намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ соли 2023 мехостанд барои рақамикунонии соҳаи тандурустии Тоҷикистон аз хориҷ як лоиҳа ҷалб кунанд. Барои муаррифии лоиҳа ҳузури мутахассисон дар чанд ҷаласа ва ҳамоишҳои онлайнӣ зарур буд. Вале ба далели суръати пасти интернет мутахассисон дар ҷаласаҳои онлайнӣ ширкат карда натавонистанд ва сарпарастон лоиҳаро ба Қирғизистон доданд. Танҳо як бахши хурди барнома ба Тоҷикистон расид.
Гулова бо тақозои касб бояд дар ҷаласаҳои бархат ширкат кунад, вале ба гуфтаи худаш "дар баъзе маврид аз ҳисоби қатъи интернет наметавонам дар вохӯриҳои онлайнӣ ширкат кунам".
Мақомоти Тоҷикистон ҳам дар барномаи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040 "паст будани суръати интернет"-ро яке аз монеаҳои асосӣ барои ҷалби сармоя ба кишвар номбар кардаанд. Дар барномаи ҳукуматӣ омадааст, таъмини интернети баландсуръат на танҳо барои ҷалби сармоя аз берун, балки барои пурра ҷорӣ кардани пардохтҳои ғайринақдӣ ҳам зарур аст. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 30 дарсади пардохтҳо ғайринақдӣ аст. Аз соли 2023 пардохти ҳама хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ғайринақдӣ шуд, аммо ба гуфтаи сокинон ба далели паст будани суръати интернет гоҳо маблағ саривақт намегузарад.
Дар барномаи ҳукуматӣ бидуни овардани санаи мушаххас зикр шудааст, ки "тибқи супориши Ҳукумат шабакаи 5G бояд дар фурсати кӯтоҳтарин дар тамоми ҳудуди мамлакат ҷорӣ карда шавад".
Фариштамоҳ Гулова мегӯяд, амалҳое, ки барои баланд бардоштани сифати интернет дар Тоҷикистон анҷом мешавад, кофӣ нест.
"Зарур аст, ки як тадқиқот гузаронда ба президент, порлумон ва вазорату идораҳо нишон диҳем, ки аз ҳисоби рушд накардани бахши алоқа мо чӣ чизҳоеро бой дода истодаем", - таъкид мекунад Гулова.
"Саноати бебарқ?"
Аммо пеш аз интернет монеаи асосии сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот "норасоии қувваи барқ ва маҳдуд гардидани он дар баъзе минтақаҳои кишвар дар фасли зимистон" аст. "Омили мазкур барои ҷалби сармоя нақши калидӣ дорад, чунки тамоми соҳаҳои иқтисод ба он вобастаанд", - омадааст дар барномаи ҳукуматӣ.
Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон ба камбуди сахти барқ рубарӯст ва сокинони деҳот, ки беш аз 70 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд бо маҳдудият барқ мегиранд. Корхонаҳо низ дар минтақаҳои кишвар аз сабаби набудани барқ пурра кор намекунанд.
Мақомот умедворанд, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ метавонанд камбуди барқро дар кишвар бартараф кунанд. Дар барномаи нави ҳукумат ба сармоягузорон пешниҳод шудааст, ки дар бунёди нерӯгоҳҳои обии “Шӯроб”, “Ёвон”, “Айнӣ”, “Санобод”, неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ ширкат кунанд. Аммо коршинос Ҳомидҷон Орифов мегӯяд, барои ҷалби сармоя дар бахши энержӣ ва ба ин восита кам кардани норасоии барқ бояд Тоҷикистон худро шарики боварбахш нишон диҳад.
"Сангтӯда-1"
"Бояд сармоягузор мутмаин бошад, ки маблағи худро бозпас мегирад. Дар мисоли "Сангтӯда-1" тамоми дунё дигар медонад, ки Русия наметавонад маблағи худро пас гирад. Ин боис мешавад ки мо ҳамчун шарики беэътимод намудор шавем. Саноат бидуни барқ чӣ гуна тараққӣ мекунад," - мегӯяд коршинос.
Бар асоси созиши нав миёни Душанбе ва Маскав, нерӯгоҳи "Сангтуда-1" дар чанд соли оянда 297 миллион доллар қарзи "Барқи тоҷик"-ро мебахшад ва дар иваз муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯи Русия 15 соли дигар, то соли 2048 дароз мешавад. Айни ҳамин созиш бо Эрон низ бар сари неругоҳи "Сангтӯда-2" ҳосил шуд ва Тоҷикистон муҳлати бозгардонии маблағи эрониҳоро шаш сол ба қафо андохт.
Камбуди барқ аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди сохтани чанд нерӯгоҳи обӣ ва марказҳои гармидиҳӣ ҳал нашуд. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2024 ваъда дод, ки камбуди барқ дар кишвар моҳи майи соли 2027 аз байн меравад. Ҳарчанд бархеҳо ба ин шубҳа доранд, чун айни ваъда қаблан низ садо дода буд.
Бархе мунаққидон мушкилро на танҳо бо кори ҳанӯз нопурраи нирӯгоҳҳои барқии обӣ, балки бо фурӯши барқ ба кишварҳои ҳамсояи мисли Афғонистону Узбекистон дар фасли зимистон рабт медиҳанд.