Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 5-уми ноябр ба Вашингтон, маркази Иёлоти Муттаҳида рафтааст.
Ӯ ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ рӯзи шашуми ноябр дар нишасти "С5+1" ширкат хоҳанд кард. Ин қолаб панҷ кишвари минтақа ва Амрикоро дар бар мегирад ва аз соли 2015 фаъол аст.
Дар оғоз танҳо вазирони корҳои хориҷии ИМА бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дидору мулоқот мекарданд. Ҷо Байден, президенти пешини Амрико, бори аввал моҳи сентябри соли 2023 бо сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар қолаби "С5+1" дар Ню-Йорк мулоқот кард.
Қарор аст, ин навбат дидору суҳбати раҳбарони Осиёи Марказӣ бо Доналд Трамп, президенти Амрико, сурат гирад.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) рӯзи 3-юми ноябр аз ширкатдорони нишасти президентҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико даъват кард, ки дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ, ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо низ тамаркуз кунанд.
Иёлоти Муттаҳида ҳар сол дар бахшҳои гуногун садҳо миллион долар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак мекунад. Бо ин вуҷуд, Вашингтон дар гузоришҳои солонааш кишварҳои Осиёи Марказиро барои поймоли ҳуқуқи башар, маҳдудияти озодии сухану озодии дин танқид мекунад.