Шаби гузашта дар маркази шаҳри Кобул садои ду таркиш шунида шудааст. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид шунида шудани як таркишро тасдиқ карда ва гуфтааст, ки ин ҳодиса талафоте дар пай надошт ва таҳқиқот дар мавриди он оғоз шудааст.
Хабаргузории "Рейтерз" ва дигар расонаҳои байналмилалӣ ба нақл аз шоҳидони айнӣ аз шунида шудани ду таркиш дар соати тақрибан 10-и шаб ба вақти маҳаллии Афғонистон, хабар доданд.
Шуморе аз расонаҳои покистонӣ гузориш додаанд, ки ҳадафи ин ҳамлаҳои ҳавоӣ, раҳбарони муҳими Таҳрики Толибони Покистон будаанд.
Рӯзномаи англисизабони Pakistan Observer ба нақл аз манбаъҳои худ навиштааст, ки дар ҳамлаи ҳавоии Покистон дар Кобул, мошини ҳомили Нурвалӣ Маҳсуд, яке аз раҳбарони баландпояи Таҳрики Толибони Покистон, ҳадаф қарор гирифтааст.
Бар асоси маълумоти ин рӯзнома, манбаъҳо ба онҳо гуфтаанд, ки Нурвалӣ Маҳсуд дар ин ҳамла захмӣ шуда, аммо кушта шудани ӯ то кунун тасдиқ нашудааст.
Дар идомаи гузориш омадааст, ки ду тан аз ҳамроҳони Нурвалӣ Маҳсуд ҳам ҳадаф қарор гирифтанд. То ин лаҳза манбаъҳои расмии ҳукумат ё артиши Покистон дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёми садоии мансуб ба Нурвалӣ Маҳсуд нашр шудааст, ки дар он мегӯяд, дар "дар хоки худ ва минтақаҳои қабиланишин" ҳузур дорад ва солим аст.
Шуморе аз хабарнигорон ва манбаъҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ҳамзамон бо ҳамлаҳо дар Кобул, нерӯҳои покистонӣ дар вилояти Пактикои Афғонистон низ шаби гузашта ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додаанд. Аммо мақомҳои покистонӣ ва ҳукумати Толибон дар Афғонистон дар ин бора ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд.
Покистон пеш аз ин низ чандин бор дар вилоятҳои Хуст, Пактико ва Пактиёи Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дода буд, ки бо вокуниши тунди мақомоти Толибон рӯбарӯ шуд.
Дар чанд рузи ахир дар чанд минтақаи вилояти Хайбар Пахтунхоҳи Покистон ба низомиёни покистонӣ ҳамлаҳо сурат гирифт ва даҳҳо сарбоз кушта шуданд. Таҳрики Толибони Покистон масъулияти бархе аз ин ҳамлаҳоро ба ӯҳда гирифтааст.