Маъмурияти президент Доналд Трамп алайҳи Маскав таҳримҳои нав омода кардааст, ки бахшҳои муҳими иқтисоди Русияро фаро мегирад. Хабаргузории "Ройтерс" аз қавли манобеаш навиштааст, агар Русия ба поёни ҷанг дар Украина розӣ нашавад, таҳримҳои нави Амрико амалӣ мешаванд.
Маҳдудиятҳои нав метавонанд низоми бонкии Русия ва бахши содироти нафтро нишона бигирад. Ба маълумоти "Ройтерс", Украина ҳафтаи гузашта аз Вашингтон дархост кард, ки ҳама бонкҳои Русияро аз низоми долларӣ ҷудо кунад.
Ҳамсуҳбатони "Ройтерс" гуфтаанд, Кохи Сафед "вокуниши Маскав ба таҳримҳои ахиран ҷоришударо назорат дорад". Ба эҳтимоли зиёд, таҳримҳои нави ИМА алайҳи Русия дар моҳи октябр ҷорӣ намешаванд.
Дар Амрико ҳамчунин масъалаи истифодаи дороиҳои Русия баррасӣ мешавад. Иттиҳоди Аврупо мехоҳад аз ҳисоби дороиҳои Русия силоҳҳои амрикоӣ харида ба Украина бидиҳад. "Ройтерс" менависад, Вашингтон аз ин нақша пуштибонӣ кардааст.
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин мехоҳанд аз ҳисоби фоидае, ки аз дороиҳои Русия ба даст меояд ба Украина 140 миллиард доллар ҷудо кунанд. Киев танҳо дар ҳолате ин маблағро бармегардонад, ки агар Русия ба Украина ҷуброн пардозад.