Рубио: гаравгонҳои исроилӣ бояд рӯзҳои наздик озод шаванд

Эътирози хонаводаҳои гаравгонҳо ва тарафдорони онҳо дар Исроил

Дар Навори Ғазза оташбас ҷорӣ нашудааст, аммо низомиёни Исроил зарбаҳои ҳавоиро муваққатан қатъ карданд. Дар ин бора як намояндаи ҳукумати Исроил рӯзи 5-уми октябр хабар дод. Ба гуфтаи ин нафар, неруҳои исроилӣ бо ҳадафҳои дифоӣ метавонанд ҳамчунон аз силоҳ истифода баранд.

Баъди эълони омодагии гуруҳи "Ҳамос" барои озодии ҳама гаравгонҳои исроилӣ ва баррасии тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико хостори қатъи ҳамла ба Ғазза шуд.

Марко Рубио, котиби давлатии Амрико 5-уми октябр дар суҳбат бо шабакаи CBS гуфт, барои озодии гаравгонҳо зарур аст, ки бомборони Навори Ғазза қатъ шавад. Рубио гуфт, музокирот барои озодии гаравгонҳо идома дорад.

Расонаҳои исроилӣ гузориш доданд, ки ҳайати ин кишвар 5-уми октябр барои музокирот ба Миср рафтааст.

Миср рӯзи 6-уми октябр мизбони музокирот миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳамос” хоҳад буд. Дар ин гуфтугӯҳо намояндагони баландмақоми амрикоӣ низ ширкат хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол даҳҳо ҳазор исроилӣ бо ширкат дар таҷаммуъи ҳомиёни хонаводаҳои гаравгонҳо хостори амалӣ шудани тарҳи сулҳи Доналд Трамп шуданд.

Вазорати хориҷаи Миср дар баёнияе навишт, дар ин музокирот “шарту шароити табодули гаравгонҳои исроилӣ ва зиндониёни фаластинӣ мутобиқ бо пешниҳоди раиси ҷумҳур Трамп” баррасӣ мешавад.