Русия се ҳазор нафарро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард

Шиносномаи шаҳрвандии Русия

Русия ҳудуди се ҳазор зодагони кишварҳои хориҷиро, ки дар солҳои гуногун шиносномаи ин кишварро гирифта буданд, аз шаҳрвандӣ маҳрум кардааст.

Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия, рӯзи 8-уми октябр дар саҳифаи Телеграмаш навиштааст, ки ин афрод барои нагузаштан аз қайди ҳарбӣ ва маҳкум шудан ба ҷиноят аз тарафи додгоҳ, шаҳрвандиашон лағв шудааст.

Маълум нест, ки дар миёни ин се ҳазор нафар чӣ теъдоде аз зодагони Тоҷикистон қарор доранд.

Соли ҷорӣ дар Русия феҳристи ҷиноятҳое, ки боиси қатъи шаҳрвандӣ мешаванд, зиёд карда шуд.

Ҳамчунин, ҳар нафаре, ки шаҳрвандии ин кишварро мегирад, бояд зуд аз қайди ҳарбӣ гузарад, дар сурати ғайр аз шаҳрвандӣ маҳрум мегардад. Қайди ҳарбӣ бештар аз тарафи мақомот барои ҷалб ба ҷанги Украина истифода мешавад.

Солҳои охир садҳо ҳазор шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Осиёи Марказӣ, ба хотири осон шудани шароити кору зисташон дар Русия шаҳванди ин кишвар шуда, шиносномаи русӣ гирифтаанд.

Баъди оғози ҷанги Русия дар Украина ва эҳтиёҷи зиёди ин кишвар ба сарбоз, мақомот дар Маскав талош доранд, ки шаҳрвандони нави ин кишварро ба ҷанг ҷалб кунанд.

Мақомоти рус мегӯянд, шаҳрвандони нави Русия бояд пеш аз ҳама омода бошанд, ки ба ҷанг рафта садоқати худро ба ин давлат нишон диҳанд. Дар сурати саркашӣ онҳо аз шаҳрвандӣ маҳрум карда мешаванд.