Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия аз Тоҷикистон даъват кард, ба "бахше аз раванди ҳамгироии Иттиҳоди Авруосиё табдил ёбад", он гоҳ муҳоҷирони тоҷик дар Русия мушкиле нахоҳанд дошт.
Сергей Наришкин рӯзи 7 октябр баъд аз мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон иқрор кард, ки масъалаи муҳоҷирон яке аз мавзӯъҳои марказии дидору гуфтушунидҳои ӯ дар Душанбе буд: «Ҳоло кор дар самти имзои як қатор санадҳои муҳим дар ин замина, аз ҷумла як протоколи марбут ба кору иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русиря дар Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбист.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наришкин дар Душанбе
Ҷаноби Наришкин афзуд, созишномаи наве ба имзо расидааст, ки муҳлати иҷозаи кори муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ба 3 сол мерасонад. Ин, зоҳиран, яке аз гузаштҳои Маскав дар баробари тамдиди муҳлати ҳузури пойгоҳи 201-и он дар Тоҷикистон аст. Аммо гузашти дигар, ки ба лағви пардохтҳои содиротии маҳсулти нафтӣ барои Тоҷикистон бастагӣ дошт, ҳанӯз иҷро нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки то ҳоло муҳоҷирони тоҷик ҳақ доштанд, ки танҳо барои як сол иҷозаи кор гиранд ва бо хуруҷу вуруди дубора ба Русия онро тамдид кунанд. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ин қарордод барои шаҳрвандониТоҷикистон имконият ва шароити беҳтареро дар қаламрави Русия фароҳам хоҳад кард: «То кунун ин мӯҳлат як солро дар бар мегирифт ва шаҳрванди мо агар дар муддати 90 рӯз ҷойи кор ваё фаъолият намеёфт, ҳатман бояд қаламрави Русияро тарк мекард. Вақте ки муҷаввизи сесоларо дарёфт менамояд, бе хориҷ шудан метавонад дар ин кишвар кору фаъоляит кунад.»