Саге дар дохили нақби метрои Прага ҳаракати бахши бузурги ин нақлиётро боздошт

Истгоҳи "Ҳрадчанска" дар Хати сабзи метрои Прага ҳам субҳи 16 октябр кор намекард

Дар шаҳри Прага – пойтахи Чехия аз соати 9-и субҳи 16 октябр ҳаракати қатор дар самти метрои А ё «Хати сабз» баста шуд. Ян Данек, намояндаи полиси шаҳр хабар дод, ки сабаби боздошта шудани ҳаракати метро ба дохили нақб роҳ ёфтани саги навъи волкодав будааст.

Полис, оташнишонҳо ва дигар хадамоти ёрии изтирорӣ давоми чанд соат аз паи ҷустуҷӯву қапидани ин саг шуданд ва дар натиҷа, дар соати доғи кору таҳсили мардум дар самти роҳи пайвасткунандаи ғарби Прага бо марказ танбашавии ҷиддие мушоҳида шуд.

Полис гуфт, дар аввал се истгоҳи метрои Хати сабз баста ва ҷустуҷӯи саг ба роҳ монда шуд, вале зоҳиран ин чорпо тавассути нақб тавонист ба роҳҳои дигари тӯлонии метро роҳ ёбад. Дар натиҷа, тамоми як хати метро баста гардид.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Муҳоҷири тоҷик духтари русро аз чанги саги дарранда халос кард. ВИДЕОСаг дар зери вайронаҳои меҳмонсаро ду шахси зиндаро пайдо кардСаге дар Русия ба сӯи соҳибаш тир кушод ва ӯро ба ҳалокат расонд