Шарҳи як намояндаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар бораи қатъи барқ

Акс аз бойгонӣ.

Як намояндаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар барқро муваққатан қатъ мекунанд.

Ин масъули Шабакаҳои тақсимоти барқ", ки бидуни зикри номаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, гуфт, бо мақсади таъмири хатҳои интиқол ва дастгоҳҳо, асосан шабона барқро хомӯш мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки сокинон аз вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ шикоят доранд, ки давоми як ҳафтаи ахир бо маҳдудият ё "лимит" барқ мегиранд. Ба гуфтаи сокинон, рӯзона аз соати 8 то 17 ва бегоҳ аз соати 21 то субҳ барқ надоранд.

Ҳамсӯҳбати мо дар "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-и ҷумҳурӣ дақиқ нагуфт, ки корҳои таъмирӣ кай ба анҷом мерасанд. Ӯ танҳо гуфт, қатъи муваққати барқ ҳадди ақал то охири моҳи сентябр давом мекунад.

Бо вуҷуди шикояти сокинон аз қатъи барқ, ҳеч мақоми расмӣ, аз ҷумла ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Шабакаҳои тақсимоти барқ" вазъро расман шарҳ надодаанд.

Мақомот дар гузашта қатъи барқро ба таъмири дастгоҳ ва хатҳои интиқол рабт медоданд, ки бархеҳо ба он бовар надоранд. Сокинон мегӯянд, бидуни огаҳӣ қатъ кардани барқ зиндагии онҳоро мушкил кардааст.

Ҳамасола бо фаро расидани фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон лимит ё маҳдудияти барқ ҷорӣ мешаванд. Ба ҷуз пойтахт ва маркази вилоятҳо, сокинони минтақаҳои Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд.