Соати нави алмосии Одам Қодиров 40 миллион рубл нарх доштааст

Adam Kadyrov

Одам Қодиров - писари 17-солаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров соате дорад, ки 40 миллион рубл нарх дошта, ду баробар бештар назар ба даромади расмии солонаи падараш мебошад. Акси ноболиғро, ки дар ҳукумати Чеченистон мақоми раиси хадамоти амнияти Рамазон Қодировро ба ӯҳда дорад, хоҳараш Табарик дар Инстаграм нашр кард.

Ба соати гаронарзиш дар дасти писари Қодиров нашрияи "Верстка" таваҷҷӯҳ кардааст. Хабарнигорон маълум кардаанд, ки соат сохти ширкати амрикоии Jacob & Co ва рақамаш Epic SF24 аст. Соат аз тиллои сафед ва 104 санги алмос сохта шудааст. Дар саросари ҷаҳон 18 дона чунин соат ба фурӯш рафтааст, ки ҳар яки он 497 ҳазор доллар арзиш дорад.

Одам Қодиров соати дигаре ҳам аз ширкати Jacob & Co дорад. Дар рӯзи тӯяш тобистони имсол ин ноболиғ соате дар даст дошт, ки яккаву ягона дар ҷаҳон аст. Ин соат бо беш аз сесад дона алмос оро дода шуда 7 миллион доллар арзиш дорад.

Одам Қодиров на танҳо раиси хадамоти амнияти раиси ҷумҳурии Чеченистон аст, балки инчунин нозири ба истилоҳ донишгоҳи хадамоти таъиноти вижаи шаҳри Гудермес, ду баталйони вазорати дифоъ, тамоми сохторҳои ВКД Чеченистон ва ҳам дабири Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ мебошад. Маълум нест оё ӯ маоши давлатӣ мегирад ва ҳаҷми он чанд аст.

Бино ба эъломияи даромадҳои Рамазон Қодиров барои соли 2021, даромади расмии ӯ 26,5 миллион рублро ташкил додааст.

Исми Одам Қодиров баъди латукӯби Никита Журавел дар як боздоштгоҳи шаҳри Грозний ба ҳамагон маълум шуд. Ин ҷавони рус барои оташ задани китоби Қуръон боздошт ва ба Чеченистон бурда шуд. Писари Қодиров унвони қаҳрамони ҷумҳуриро дорад. Ӯро инчунин дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Тотористон, Қарачаю Черкес, Қабардину Балқор ҳам бо ҷоизаву нишонҳои давлатӣ қадрдонӣ кардаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ба Одам Қодиров мукофоти ба номи бобояш супурда шудФарзанди дигари роҳбари Чеченистон мансаб гирифтРамазон Қодиров писарашро "қаҳрамони тамоми мусалмонҳо" хондҲимояти Рамазон Қодиров аз амали писараш – ОдамВидеои Одам. Қодиров ситоиш кард, сухангӯи Путин шарҳ надод. ВИДЕО