Дар Тоҷикистон соле 2 миллион тонна партови маишӣ ҷамъ мекунанд

Партовгоҳе дар назди мактабе дар ноҳияи Рӯдаки. Акс аз соли 2019

Дар Тоҷикистон соле беш аз 2 миллион тонна партови сахти маишӣ ҷамъ мешавад ва ин партовгоҳҳо масоҳати умумии беш аз 300 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин бора президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 сентябр дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва маросими ифтитоҳи бинои нави ин идораи ҳукуматӣ суханронӣ намуд.

Раҳмон ба камбуди шумори коргоҳҳои хурди коркарди партовҳо чун як мушкили ҷиддии экологии Тоҷикистон таъкид намуда гуфт, ки корхонаҳои амалкунанда барои коркарди партовҳои пластикӣ, коғаз, равғани воситаҳои нақлиёт, резину оҳанпора ва дигар навъи партов кифоят намекунанд.

Ӯ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дод, ки «Стратегияи миллии идоракунии партовҳоро барои давраи то соли 2035»-ро таҳия намоянд, то ки ҳадафи аслиаш кам кардани таъсири партовҳо ба муҳити зисти Тоҷикистон бошад.

Мушкили партовҳо дар Тоҷикистон нав нест ва дар бисёр маҳалҳои аҳолинишин то ҳол нуқтаҳои махсусан ҷудошуда барои ташкили партовгоҳи расмӣ вуҷуд надоранд. Фаъолони экологӣ аз ҷорӣ набудани низоми ҷудо кардани навъи партов вобаста ба сифати он – пластик, оҳан ё коғазу ахлоқи маишӣ солҳо аст интиқод мекунанд.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Ҳатто пӯшакҳоро мепартоянд." Партови назди як гузаргоҳи марзӣ аз куҷост?Кай Бохтар аз партови зиёд халос мешавад?