Пули 100-сомонии нав ба гардиш даромад

Бо як тасмими Бонки миллии Тоҷикистон, аз 30 октябри соли 2025 пули 100- сомонии нав ба муомилот бароварда шуд.

Бонки миллӣ гуфт, ки ҳадаф "таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ" мебошад. Пулҳои нав ба муносибати 25-солагии пули миллӣ -- сомонӣ, ба муомилот бароварда шуданд

Бонкии миллии Тоҷикистон мегӯяд, пулҳои коғазии ҷашнӣ дар қатори дигар пулҳои коғазии БМ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Пули миллии сомонӣ, ки ба ифтихори поягузори нахустин давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст, дар 30-юми октябри соли 2000 ба муомилот баромад.

Тоҷикистон танҳо кишвари пасошӯравист, ки то соли 1993 пули сохти Шӯравиро истифода кардааст. Ба дунболи ба муомилот баромадани пулҳои миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сели пулҳои коғазии беарзиши Шӯравӣ ба Тоҷикистон сарзер шуда, боис ба ҳараҷу мараҷ дар бозори арзии кишвар шуд.

Бо шомил шудан ба фазои пули рубли русӣ дар моҳи январи соли 1994 мушкили иқтисодии Тоҷикистон ҳал нашуда, баръакс, кишвар ба камбуди шадиди пули нақд рӯбарӯ гардид.

Танҳо дар пайи мусоидати Сандуқи Байналмилалии Пул ва ба муомилот баровардани пули рубли тоҷикӣ дар 6-уми майи соли 1995, вазъи иқтисодӣ дар Тоҷикистон то ҳадде ба эътидол омад.