Сухангӯи Тоқаев аз мулоқоти президентони Қазоқистон ва ИМА акс нашр кард

Мулоқоти президентони ИМА ва Қазоқистон Доналд Трамп ва Қосимҷомарт Тоқаев дар Ню Йорк. Сана ва шароити бардошта шудани ин акс нашр намешавад

Як ёвар ва ҳам сухангӯи президенти Қазоқистон Руслан Желдибой дар саҳифаи Телеграмаш акси Қосимҷомарт Тоқаевро бо президенти ИМА Доналд Трамп нашр кард. Ӯ рӯзи 29 сентябр ду акс нашр кард: дар яке Трампу Тоқаев ба ҳам даст медиҳанд ва дар дуюмаш аз тарафи дасти рости президентон ҳамсари президенти Амрико Мелания Трамп қарор дорад.

Маълум нест ин аксҳо кай бардошта шудааст ва чаро танҳо баъди чор рӯзи бозгашти Тоқаев аз ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ нашр шуданд, чун эҳтимолан дар ҳамон рӯзҳои дар Ню Йорк будани Тоқаев гирифта шудаанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон ишора кардаанд, ки ранги гарданбанди Трамп сурх аст ва ҳангоми суханрониаш аз минбари СММ гарданбанди кабуд дошт.

Эҳтимолан мулоқоти Трампу Тоқаев ҳангоми гаштугузор дар бинои СММ сурат гирифт, чун ҳеҷ хабаре дар бораи вохӯрии ду президент дар ҳошияи Маҷмаи кулл нашр нашудааст. Рӯзи 22 сентябр ду раҳбар телефонӣ бо ҳам гуфтугӯ кардаанд.

Трамп дар Ню Йорк як мулоқоти шахсӣ бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дошт ва ӯ ягона раҳбари як кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо раҳбари Амрико сӯҳбати ҳузурӣ анҷом додааст. Дар остонаи мубоҳисаҳои сатҳи олӣ дар СММ Қазоқистон ва Узбекистон бо ширкатҳои ИМА ба маблағи 12 миллиард доллар созишномаҳо барои хариди локомотив ва ҳавопаймоҳои ширкати “Боинг” имзо карданд.

Дар хабарҳои расмӣ аз Қазоқистон баъди бозгашти Тоқаев аз Ню Йорк дар бораи аз вазифа барканор шудани вазири корҳои хориҷӣ Мурат Нуртлеу ва сафири Қазоқистон дар ИМА Ержан Ошиқбоев хабар дода шуд. Дафтари президенти Қазоқистон сабаби ин барканориҳоро нашр накард.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сухангӯи Департаменти давлатӣ: Амрико хоҳони истиқлол ва шукуфоии Тоҷикистон астТрамп бо ду кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳаҷми 12 миллиард доллар созишнома баст.