Суол аз мардум: Ба Путин чӣ савол доред?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 9-уми октябр ба Тоҷикистон сафар мекунад. Сергей Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон, гуфтааст, ки дар ҷараёни сафараш ба Душанбе Путин дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ва ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат хоҳад кард. Маълум нест, ки дар Душанбе вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия то куҷо матраҳ мешавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон пурсиданд, ки агар имкони савол додан ба Путин мешуд, аз ӯ чӣ мепурсиданд?