Афви Байнулмилал ё Amnesty International, як созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз раисҷумҳури Амрико ва аъзои Конгресс хостааст, ки ҳангоми суҳбат бо роҳбарони Осиёи Марказӣ риояи ҳуқуқи инсонро дар маркази гуфтугӯ қарор диҳанд.
Изҳороти созмон рӯзи 5-уми ноябр ва дар остонаи дидори роҳбарони Осиёи Марказӣ ва президенти Амрико нашр шуд. Мулоқот, қарор аст, рӯзи 6-уми ноябр дар шаҳри Вашингтон баргузор шавад.
Дар изҳороти Афви Байнулмилал (Amnesty International) омадааст, дар саросари Осиёи Марказӣ саркӯби мухолифон ва маҳдуд кардани озодиҳои инсон идома дорад.
“Бо назорати сахт бар расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомот озодии баён ва ҷамъомадҳоро маҳдуд кардаанд. Садои рӯзноманигорон хомӯш шуда, созмонҳои ғайриҳукуматӣ маҷбуран баста шудаанд”, - омадааст дар изҳороти созмон.
Ба 28 сол зиндон маҳкум шудани вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров дар Тоҷикистон аз намунаҳои боризи поймоли ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ зикр шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Амрико аз Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳад? Осиёи Марказӣ аз Амрико чӣ?Афви Байнулмилал ё Amnesty International аз Доналд Трамп даъват кардааст, ки риояи ҳуқуқи инсонро дар маркази муколама бо роҳбарони Осиёи Марказӣ бигузорад.
Бен Линден, мудири созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфтааст, агар президент Трамп мавзӯи ҳуқуқи инсонро дар миён нагузорад, пас, бояд аъзои Конгресс аз роҳбарони Осиёи Марказӣ талаб кунанд, то “ҳамла ба ҷомеаи шаҳрвандиро бас кунанд".
"Хомӯшӣ дар ин маврид ба маънои чароғи сабз нишон додан ба ҳукуматҳои минтақа аст, ки бидуни ҷазо дидан ба саркӯб идома диҳанд. Сиёсатмадорони амрикоӣ бояд мақомоти Осиёи Марказиро ба риояи ҳуқуқи башар ва эҷоди фазои мусоид барои кори озодонаи ҷомеаи маданӣ водор кунанд," – таъкид шудааст дар изҳорот.
Пеш аз ин, Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ва чанд созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон низ аз Доналд Трамп хостанд, ки дар вохӯрӣ бо ҳамтоёнаш аз Осиёи Марказӣ дар баробари ҳамкориҳои иқтисодию амниятӣ, ба беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишварҳо низ тамаркуз кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дархости се созмони мухолифи Эмомалӣ Раҳмон аз Доналд Трамп