Танқиди "Роғун Алерт" аз нақшаи Тоҷикистон барои кӯчондани ҳазорон нафар

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва мансабдорони дигар дар маҳалли сохтмони "Роғун"

Як эътилофи байнулмилалӣ аз нақшаи кӯчондани ҳазорон нафар барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон интиқод карда, онро “хатои бузург” хондааст.

“Роғун Алерт” рӯзи 4-уми ноябр дар изҳороте гуфт, кӯчондани ҳазорон нафар аз минтақаҳои зериобшавандаи “Роғун” зиндагии онҳоро ба хатар меандозад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба ин гузориш вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта гуфта буданд, ки мардумро дар макони дигар бо ҷойи зист таъмин хоҳанд кард.

Дар гузориши эътилофи “Роғун Алерт” омадааст, барои бунёди “Роғун” бояд 60 ҳазор нафар кӯчонда шаванд ва ин яке аз бузургтарин мавридҳои кӯчондани одамон барои сохтани нерӯгоҳи барқи обӣ дар замони муосир аст. Ба гуфтаи мутахассисони созмон, “манфиати сокинон ба қадри зарурӣ ба инобат гирифта нашуд”.

Александр Колотов, мудири созмони иҷтимоии “Дарё бидуни сарҳад” ва аз муаллифони гузориш, навиштааст, мақомоти Тоҷикистон пешниҳоди сохтани нерӯгоҳро бо садди пиоинтар, ки “ҷойи зисти 32 ҳазор нафарро ҳифз мекард, бидуни асос рад карданд”.

Дар гузориш омадааст, онҳое, ки аз минтақаҳои зериобшавандаи “Роғун” кӯчонда мешаванд, дар ҷойи зисти нав бо камбуди об, замин ва гӯристон рӯбарӯ ҳастанд.

Маҳалли сохтмони "Роғун"

Эътилоф ҳамчунин тарзи пардохти ҷубронро барои сокинон танқид карда, гуфтааст, пуле, ки мақомот барои ин гурӯҳ ҷудо кардаанд, барои харидани хонаи нав ё сохтани манзил намерасад.

Муҳлати кӯчондани одамон низ дар гузориш танқид шудааст. Ба омори эътилофи “Роғун Алерт”, баъд аз соли 2018 ҳамагӣ 8 ҳазор кас кӯчонда шуданд, аммо мақомот мехоҳанд то соли 2032 аз 40 то 52 ҳазор нафарро ба ҷойи дигар баранд.

Муаллифони гузориш даъват кардаанд, ки нақшаи ҳозираи кӯчондани аҳолӣ барои “Роғун” бозбинӣ шавад, зеро сохтмони нерӯгоҳ метавонад зиндагии даҳҳо ҳазор нафарро ба душворӣ рӯбарӯ кунад.

Бо баланд шудани сабти оби обанбори нерӯгоҳи “Роғун” 40 деҳаи болооб зери об мемонанд ва сокинонаш бояд ба ҷойи дигар кӯчонда шаванд. Дар гузашта низ баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch, аз нақзи ҳуқуқи сокинон ҳангоми кӯч додани онҳо аз як мавзеъ ба мавзеи дигар танқид карда буданд.

Нерӯгоҳи “Роғун”, ки ҳукумати Тоҷикистон онро ҳаёту мамоти кишвар мехонад, аз рӯи нақша бояд то соли 2032 анҷом шавад. То ин вақт ду чархаи нерӯгоҳро ба кор андохтаанд. "Роғун" баландтарин сад дар ҷаҳонро хоҳад дошт ва аз рӯи нақша бояд Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Арзёбии нав: нерӯгоҳи Роғун қудратмандтар мешавадТоҷикистон як бахши қарзи хориҷияшро додааст, то қарзу грантҳои нав бигирад?"Дар хона аст." Саҳмияҳои "Роғун" кай фоида медиҳанд?Ҳукумат дар ҷустӯҷуи сармоягузорони нав барои сохтмони РоғунРаҳмон ваъдаи аз байн рафтани лимитро дод, аммо аз муҳоҷирон нагуфт"Сохтмони "Роғун" соли 2033 ба анҷом мерасад." Талаби IMF аз Тоҷикистон"Барқи тоҷик": То "Роғун" пурра сохта нашавад, "лимит" аз байн намеравад