Мақомоти Толибон дар Афғонистон рӯзи 19 сентябр гуфтанд, ҳамсарони пиронсол аз Бритониёро баъди ҳашт моҳи ҳабс озод карданд.
Питер Рейнолдси 80 ва Барбараи 76-сола моҳи феврали имсол боздошт шуданд ва вақтҳои охир хабар мерасид, ки вазъи саломатии онҳо дар ҳабс бадтар мешавад.
Ҷуфти озодшударо ба намояндаи вижаи Бритониё Ричард Линдсей супурданд. Хабар дода шуд, ки ҳамсарон Рейнолдсро асосан бо талошҳои дипломатии ҷониби Қатар тавонистанд озод кунанд.
Питер ва Барбара Рейнолдс соли 1970 дар Кобул издивоҷ карда давоми бист сол дар он ҷо бо барномаҳои таълимӣ машғул буданд. Онҳо инчунин шиносномаҳои расмии шаҳрвандони Афғонистонро доштанд.
Сабаби боздошти онҳоро ҳукумати Толибон ҳеҷ гоҳ нашр накардааст, вале баъди ҳабси онҳо дар вилояти Бомиён гуфтанд, ки ҳамсарон Рейнолдс «қонунро вайрон кардаанд».