Як моҳ баъди барканории сафири Қазоқистон дар ИМА бо амри президент Қосимҷомарт Тоқаев Магжан Илёсов раҳбари нави намояндагии дипломатии Остона дар Вашингтон таъин шуд.
Фармони таъини сафири нави Қазоқистон дар ИМА рӯзи 20 октябр дар сомонаи Оқорда - қасри президент ба нашр расид. Илёсов дар ин мақом Ержан Ошиқбоевро иваз кард, ки давоми шаш соли гузашта дар ин мақом кор кардааст. Ошиқбоев ҳамроҳ бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу поёни моҳи сентябр баъди бозгашти Тоқаев аз Ню Йорк аз вазифа маҳрум шуда буд.
Он замон бархе тахмин карданд, ки барканориҳо ба интиқодҳои Тоқаев аз дипломатҳои калони кишвараш ва нотавонии ташкили гуфтугӯи ӯ бо президенти ИМА Доналд Трамп рабт дорад, дар ҳоле, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев тавонист давоми панҷ дақиқа бо Трамп мулоқоти ҳузурие дошта бошад. Айни замон, дар ин сафар ба Амрико дар чаҳорчӯби мубоҳисаҳои Маҷмаи кулли СММ дар Ню Йорк, ҳайатҳои Узбекистон ва Қазоқистон бо ширкатҳои ИМА ба маблағи умумии 12 миллиард доллар созишномаҳо дар заминаи хариди ҳавопаймоҳову локомотивҳо имзо карданд.
Дафтари президенти Қазоқистон он замон сабаби ин барканориҳоро нашр накард.
Илёсов 51 сол дошта, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳон ва равобити байналмилалии Қазоқистон мебошад. Ӯ инчунин дар Донишгоҳи Ҳарвард таҳсил кардааст.
Аз соли 2000 ба ин сӯ дар сохторҳои ВКХ ба кор шурӯъ кардааст. Дар мақомҳои сафири Қазоқистон дар Нидерланди, Бритониё, Ирландия ва Исландия кор кардааст.