Трамп гуфт, Путин ва Зеленский бояд рӯ ба рӯ гап зананд

Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти ИМА бори дигар таъкид кард, ки барои хатми ҷанг дар Украина суҳбати рӯ ба рӯи Владимир Путин ва Владимир Зеленский зарур медонад.

Ӯ гуфт, ки танҳо “бо нишон додани тавоноӣ” ба натиҷа расидан мумкин аст.

Трамп зимни суханронӣ дар назди ҳайати фармондеҳии олии артиши ИМА дар пойгоҳи Куантико изҳор дошт, ки дастур додааст, "як ё ду киштии зериобӣ" дар наздикии соҳилҳои Русия ҷойгир карда шаванд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки Вашингтон захираи ҳастаии худро навсозӣ мекунад.

"Мо умед дорем, ки ҳеҷ гоҳ ба истифодаи он маҷбур намешавем," — гуфт ӯ.

Раҳбари Амрико Русияро "паланги коғазӣ" номид ва гуфт, аз Путин ноумед шудааст. Ӯ гуфт, фикр мекард, ки Путин зуд ба сулҳ розӣ мешавад, вале ӯ ин корро накард. Трамп майли бештари Русия ба ҷангро сабаби тақвияти чораҳои низомии Амрико дар наздикии марзҳои Русия донист.

Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол Трамп дар посух ба изҳороти президенти собиқи Русия Дмитрий Медведев дар бораи имкони ҷанги Русия ва ИМА, дастур дода буд, ки ду киштии зериобӣ дар "минтақаҳои мувофиқ" ҷойгир карда шаванд.

Дар охири моҳи июл Медведев дар шабакаи иҷтимоии X ба Трамп муроҷиат карда, изҳор дошт, ки шартгузориҳои ӯ ба Русия "роҳ ба сӯи ҷанг" мебарад.

Ҷанги Русия дар Украина беш аз се сол боз идома дорад. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар аз ду тараф кушта шуда, миллионҳо украинӣ овора шуданд. Таҷовузи Русия ба Украинаро аксари созмону давлатҳо маҳкум карда, алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардаанд.