Трамп: талошҳо барои поёни ҷанг дар Украина давом доранд

Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп мегӯяд, талошҳо барои расидан ба тавофуқ миёни Русия ва Украина идома доранд ва агар ин созиш ҳосил нашавад пайомадаш вазнин хоҳад буд.

Трамп 20-уми октябр дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, “мо талош дорем созиш ба даст ояд. Агар ин кор анҷом шавад, олӣ аст. Дар ғайри сурат бисёриҳо баҳои вазнин хоҳанд пардохт”.

Хабарнигорон аз Доналд Трамп пурсиданд, ки чаро Иёлоти Муттаҳида барои ғалабаи низомии Украина талош намекунад. “Ҳама чиз аз он ки шумо тасаввур мекунед, печидатар аст", - посух дод Трамп.

Ҳарфҳои раиси ҷумҳури ИМА дар ҳоле садо медиҳанд, ки Котиби давлатии Амрико Марко Рубио ахиран бо ҳамтои русаш Сергей Лавров телефонӣ гуфтугӯ кард. Гуфта мешавад вазирони корҳои хориҷӣ омодагӣ ба дидори Трамп ва Путинро дар Будапешт баррасӣ кардаанд.