Роҳбарони Амрико ва Украина 23-юми сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Маҷмааи умумии Созмони милал дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрдаанд. Трамп қабл аз оғози вохӯрӣ гуфт, Украина "бо ҷилавгирӣ аз артиши бузурги (Русия) кори бузургеро анҷом медиҳад."
Хабарнигорон аз президенти ИМА пурсиданд, ки дар сурати нақзи ҳарими ҳавоӣ Аврупо метавонад ҳавопаймо ва бесарнишинҳои русиро сарнагун кунад? Посухи Трамп мусбӣ буд.
Доналд Трамп ҳамчунин пешбинӣ кард, ки Виктор Орбан, нахуствазири Венгрия аз хариди нафту гази Русия худдорӣ мекунад.
Трамп ҳамчунин таъкид кард, ки иқтисоди Русия дар ҳолати ваҳшатнок аст.
Владимир Зеленский дар дидор бо ҳамтои амрикоиаш гуфт, неруҳои ин кишвар давоми як моҳи ахир 360 километри мураббаъ хоки Украинаро озод кардаанд. Зеленский ҳамчунин аз муҳосираи ҳазор сарбози Русия хабар дод, ки баъдан бо асирони украинӣ иваз карда мешаванд.
Доналд Трамп баъди вохӯрӣ бо Зеленский дар шабакаи иҷтимоиаш Truth Social навишт, Украина бо кумаки Иттиҳоди Аврупо "метавонад ҳамаи ҳудуди аз даст рафтаашро баргардонад".