Вакилони Думаи давлатӣ аз ҳизби ЛДПР ё ҳизби либералу демократи Русия ба баррасии маҷлис тарҳи нави қонунеро пешниҳод карданд, ки мегӯяд, муҳоҷирони коргар дар ин кишвар бояд аз гирифтани нафақаи иҷтимоӣ маҳрум шаванд.
“Парламентская газета”, нашрияи расмии Думаи давлатӣ ин хабарро рӯзи 29 сентябр бо такя ба дафтари матбуоти ҳизб нашр кардааст. Гуруҳи ҳизбӣ ба раҳбарии Леонид Слутский, ки ҳамеша бо мавқеи нажодпарастонааш фарқ мекард, гуфтааст, соли гузашта дар Русия 600 ҳазор коргари хориҷӣ қарор дошт ва ин шумори рекордӣ аст. Ҳадди миёнаи нафақаи ин гурӯҳ сеяки маоши онҳоро ташкил медиҳад.
Слутский бо пешниҳоди тарҳи нави қонун гуфтааст, дар пасманзари “мушкилоти демографӣ ва амалиёти вижаи ҳарбӣ” (дар Русия ҷанги зидди Украинаро чунин ном мебаранд) “ҳар як тин ба ҳисоб аст” ва ин ҳам дар ҳолест, ки “муҳоҷирон дар бунёди ин давлат иштирок намекунанд ва бисёр вақт Русияву русҳоро бад мебинанд, аз ин давлат нафақа дарёфт мекунанд”.
Ин сиёсатмадор гуфтааст, “вақте нафахахӯрони мо тини ночиз мегиранд, пиронсолони рус барои додани пули хона ё харидани хӯрок пули кофӣ надоранд! Мо боз бояд тӯдаи бекорхӯҷаҳои гузароро таъмин кунем, ки қисми зиёдаш махсус барои гирифтани кӯмакҳои иҷтимоии ройгон меоянд?”.
Намояндагони ЛДПР пешниҳод карданд, ки нафақаҳои иҷтимоиро ба хориҷиҳову шахсони бешаҳрвандии сокини доимии Русия пардохт накунанд. Ин амали онҳо, ба гуфтаашон, низоми нафақаи Русияро аз «ӯҳдадориҳои беасоси иҷтимоӣ раҳо карда бори буҷадро камтар мекунад».
Ин даъват дар ҳолест, ки дар Русия дар давоми беш аз як соли охир даҳҳо қонуни нави маҳдудкунандаи ҳузур ва ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар қабул шуд. Дар як ташаббуси ахир ҳизби "Русияи одил" пешниҳод намуд, ки вуруди оилаҳои муҳоҷирон ба ин кишвар манъ шавад. Инчунин, шуруъ аз имсол фарзандони муҳоҷирон танҳо баъди супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба мактабҳо қабул мешаванд.
Вакилони парлумони Русия, ки ҳар сари чанд вақт бо ташаббусҳои нави маҳдудкунандаи муҳоҷирон садо баланд мекунанд, гӯё бо ҳам дар пешниҳоди чораҳои сангину бераҳмонатар дар ҳолати рақобат қарор доранд.
Аз сӯи дигар, ҷанги идомаёбанда алайҳи Украина ба буҷаи давлати Русия ҳам осеби сахт мерасонад ва зоҳиран, бо баҳонаи муҳоҷирон, мақомот дар асл мехоҳанд хароҷоти ҳатмии давлатиро дар баробари сокинон кам кунанд. Ба фарқ аз шаҳрвандони Русия, муҳоҷирон қишри беҳуқуқ ва осебпазиртарин ҳастанд ва дар сурати нагирифтани нафақаи қонунӣ ҳам гумон аст, ки битавонанд дар додгоҳ барои ҳуқуқи худ мубориза баранд.