Украина аз Олмон низоми зиддиҳавоии "Патриот" гирифт

Владимир Зеленский. Акс аз моҳи июли 2025

Украина барои ҳимоят аз фазои худ аз Олмон низоми зиддимушакии "Патриот" дарёфт кардааст.

Президент Владимир Зеленский 2-юми ноябр дар як паёми видеоӣ аз садри аъзами Олмон Фридрих Мертс миннатдорӣ кард.

Ба гуфтаи Зеленский, гуфтугуҳо барои мустаҳкам кардани низоми зиддиҳавоии Украина ҳам дар сатҳи сиёсӣ ва ҳам бо тавлидкунандагон идома дорад.

Рӯзи 1-уми ноябр лоиҳаи "Кӯмаки Олмон ба Украина" дар шабакаи X навишт, Украина "дар рӯзҳои наздик" ду низоми зиддимушакии "Патриот" мегирад. Маблағи ин низоми дифои ҳавоиро Дания, Литва ва Норвегия пардохт кардаанд.

Моҳи июли имсол Борис Писториус, вазири дифои Олмон гуфта буд, Украина ба панҷ низоми дифои ҳавоии "Патриот" эҳтиёҷ дорад.

Раиси ҷумҳури Украина тобистони имсол аз ИМА хоста буд, ба Киев 10 низоми зиддимушакии "Патриот" бидиҳад. Президенти Амрико аз омодагии кишвараш барои интиқоли 17 низоми "Патриот" ба Украина хабар дод, вале гуфт маблағи онро кишварҳои аврупоӣ мепардозанд.