Дар феҳристи тарҳи "Зистан мехоҳам", ки рӯзи 9-уми октябр нашр шудааст, ному насаб, солу моҳу рӯзи зода шудан ва санаи кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон зикр шудааст.
Дар ин феҳрасти афроди дар ҷанг кушташуда дида мешавад, ки ҷавонтарини онҳо, Суҳайлӣ Каримов 19- сол ва бузургсолтарин, Носир Раҷабов 63-сола будааст.
Аксари онҳо, бар асоси ин санад, дар давоми соли 2025 кушта шудаанд.
Тарҳи "Зистан мехоҳам" аз аввали имсол чанд бор исми сарбозону афсарони Русияро нашр кард, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд. Дар чанд моҳи ахир дар ин тарҳ исми наздик ба се ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудаааст, ки дар Украина кушта шудаанд.
Муаллифон тарҳ мегӯянд, ин маълумотро ба воситаи "одамони худ" дар артиши Русия дастрас кардаанд. Радиои Озодӣ исми чанд нафарро дар феҳрастҳои гузашта тафтиш кард ва дақиқ шуд, ки онҳо воқеан кушта шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Додситони кул: Ягон нафар барои ширкат дар ҷанги Украина ҷавобгар нашудаастМуаллифони тарҳи "Зистан мехоҳам" бовар доранд, ки ин афрод асосан дар ҷанги Русия алайҳи Украина истифода ва аксарият ба мисли "барраи қурбонӣ" нобуд мешаванд.
Қонунгузории Тоҷикистон иштироки шаҳрвандонаш дар ҷангҳои кишварҳои хориҷиро манъ мекунад, вале мақомоти ин кишвар мегӯянд, нисбат ба касе барои ширкат дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноятӣ боз накардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 931 зодаи Тоҷикистон дар Украина ҷангида, 196 нафари онҳо кушта шудаанд