Узбекистон базудӣ ба шаҳрвандони Русия ҳақи вуруд бо ID-кортро фароҳам мекунад

Узбекистон мехоҳад барои шаҳрвандони Русия ҳақи вуруд ба ин кишварро бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-корт иҷоза диҳад. Дар Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ба нашрияи “Известия” гуфтаанд, ки Тошканд ва Маскав имкони ба шаҳрвандони Русия додани иҷозаи вуруд ба Узбекистон бо шиносномаи дохилиро баррасӣ доранд.

Ҳоло шаҳрвандон Русия ба Узбекистон бо шиносномаҳои хориҷӣ равуо мекунанд. Узбекистон аввал шуда ба шаҳрвандони Қирғизистон иҷоза дод, ки бо шиносномаҳои дохилӣ ба ин кишвар сафар кунанд. Аз соли 2023 сокинони Узбекистону Қирғизистон ба кишварҳои ҳамдигар бо ID-корт сафар мекунанд.

Соли гузашта Узбекистон тасмим дошт бо Тоҷикистон ҳам тартиби сафар бо корти дохилиро ба роҳ монад. Моҳи майи имсол хабар дода шуд, ки Узбекистон имкони вуруди шаҳрвандони Русия, Қазоқистона Озарбойҷонро барои 30 рӯз бо шинохсномаи дохилӣ ё ID-корт баррасӣ дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Эрониён аз сабти номи ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шудандТарҳи нави қонун дар Русия: аз муҳоҷирон намунаи ДНК мегиранд?Медведев мехоҳад баъзе гурӯҳҳои муҳоҷирон аз шиносномаҳои русияшон маҳрум шаванд