Вазирони дифои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ "таҳдидҳои амниятӣ"-ро баҳс кардаанд

Вазирони мудофиаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷамъ шуданд.

Вазирони мудофиаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон “муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ”-ро баррасӣ кардаанд.

Расонаҳои давлатии Узбекистон ва Тоҷикистон навиштаанд, ки мулоқоти рӯзи 20-уми октябр нахустин нишасти панҷ вазир дар масоили “таъмини амният” будааст.

Сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон навиштааст, ки Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон бо чор ҳамтои худ аз Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон “масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ байни кишварҳо, инчунин бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ”-ро баррасӣ кардаанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар номае ба вазирони дифои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки дар шароити таҳдидҳои амниятӣ ниҳодҳои панҷ кишвар бояд ҳамкории ҷиддӣ дошта бошанд. Ӯ гуфтааст, ки ҳамкориҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ “ба сатҳи ҳамкориҳои стратегӣ” расидааст.

Дар хабарномаҳои расмӣ гуфта нашудааст, ки манзур аз “таҳдидҳои амниятӣ” чӣ ҳаст, вале ҳамоиши вазирони қудратии Осиёи Марказӣ дар Самарқанд камсобиқа аст.

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ борҳо ба иттиҳоди минтақавӣ даъват кардаанд, вале ҳанӯз чунин иттиҳоде шакл нагирифтааст, ҳарчанд ба назар мерасад, ки муносибати ин кишварҳо беҳтар шудааст.