ВКД аз соҳибони дронҳо хост, дастгоҳҳои худро сабти ном кунанд

Мақомоти тоҷик бо нашри як хабарнома аз соҳибони дрон ё паҳподҳо хостаанд, ки дастгоҳҳои худро аз нав сабти ном кунанд.

Раёсати ВКД дар Душанбе рӯзи 29 уми сентябр гуфт, афроди дорои бесарнишин бояд то 5-уми октябр барои ба қайд гирифтани он ба ин ниҳод ҳозир шаванд. Раёсат таъкид кардааст, ки нисбати онҳое, ки аз ин амр саркашӣ мекунанд, чора андешида мешавад.

Мақомот дар шарҳи сабаби даъвати дубораи сокинон барои сабти номи дронҳои худ гуфтааст, чунин "зарурият" ба миён омадааст.

Бесарнишинҳои хурд дар Тоҷикистон бештар барои сабти навор дар тӯю маросим ва ё барномаҳои телевизионӣ, истифода мешавад.

Солҳои ахир дар чорабиниҳои калони давлатӣ ҳам бо истифода аз даҳҳо дрон дар осмон, тасвирҳои гуногун намоиш дода мешуд.

Даъват аз сокинон барои ба қайдгирии дронҳои худ дар ҳолест, ки Тоҷикистон рӯзҳои 9-10 октябр мизбони саммити "Осиёи Марказӣ-Русия" ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Қарор аст раҳбарони чанде аз кишварҳо, аз ҷумла, президенти Русия ба Тоҷикистон сафар кунад ва бинобар ин, чораҳои амниятӣ ҳам дар кишвар сахттар мешаванд.