Додгоҳи ноҳияи Октябр дар вилояти Рязани Русия хабарнигори таҳқиқгар Сергей Ежовро дар ғайбаш ба шаш сол зиндон маҳкум кард.
Мақомоти Русия ӯро барои сарпечӣ аз иҷрои қонуни "агентҳои хориҷӣ" ва ширкат дар фаъолияти созмонҳои ифротгаро ва сармоягузории экстремизм гунаҳкор донистаанд.
Манзури мансабдорони Русия аз "фаъолиятҳои экстремистӣ" ишора ба Бунёди мубориза бо фасоди молӣ аст, ки Сергей Ежов бо он ҳамкорӣ дорад.
Ҳамзамон ба навиштаи хабаргузории расмии "РИА Новости", ӯ гуё аз Эстония паноҳандагии сиёсӣ дархост кардааст.
Ежов дар суҳбат бо телевизиони "Настояшее Время", як тарҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, аз Эстония паноҳандагӣ напурсидааст ва бо ин кишвар ҳеч пайванд надорад.
Ӯ ба ҷуз аз Бунёди мубориза бо фасоди молӣ, инчунин, бо пойгоҳи таҳқиқотии The Insider ҳамкорӣ мекунад ва блоги шахсии худро низ дорад.
Ин хабарнигори дигарандеш дар матлабҳояш дар бораи кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва Вазорати адлияи Русия низ гап мезанад, ки ба таҳияи номгӯйи "агентҳои хориҷӣ" машғул ҳастанд.
Вазорати адлияи Русия Сергей Ежовро дар моҳи июли соли 2024 ба феҳрасти “агентҳои хориҷӣ” ворид кардааст.