Як наққошии Пикассо бо 27 млн евро фурӯхта шуд

Як асари наққошӣ аз Пабло Пикассо, ҳунарманди шинохтаи испанӣ, рӯзи ҷумъаи 24 октябр дар музояда ё ауксиони Порис бо қимати 27 миллион евро, муодили 31 миллион, доллар фурӯхта шуд.

Ин асар ба унвони "Нимтанаи зане бо кулоҳи гулдор" дар соли 1944 тавассути як хонаводаи фаронсавӣ харидорӣ шуда буд ва даҳсолаҳо дар маҷмуаи хусусии онҳо боқӣ монд то ин, ки ворисони хонавода тасмим гирифтанд он бифурӯшанд, чун намешуд онро ба таври физикӣ байни худ тақсим кунанд.

Харидор дар толори ауксион ҳузур дошт, аммо ҳувияташ ошкор нашуд.

Ба гуфтаи коршиносон, ин табло пеш аз ин ҳаргиз ба таври умумӣ намоиш дода нашуда буд.