Як тоҷик дар ҷанги зидди Украина кушта шуд

Як зодаи Тоҷикистон, ки дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст, дар вилояти Владимир ба хок супурда шуд. Ба навиштаи маъмурияти шаҳри Юрйев-Полскии вилояти Владимир, рӯзи 26 сентябр дар ин шаҳр маросими хоксупории Исломиддин Ҳикматович Раҳматови 23-сола баргузор шуд.

Дар хабари мақомот омадааст, ки Исломиддин Раҳматов соли 2002 дар Тоҷикистон таваллуд шуда баъдан ба Русия кӯчид. Ӯ бо вазорати мудофеаи Русия барои хидмати ҳарбӣ созишнома имзо кард ва дар артиш дар рутбаи снайпер ва разведкачии калон ё сарбози калони иктишофӣ хидмат мекард.

Ҷузъиёти бештар дар бораи марги ин низомӣ нашр намешавад, танҳо дар хабари расмӣ омадааст, ки Исломиддин моҳи августи соли 2025 «ба ҳангоми иҷрои супоришҳое дар ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ (мақомоти Русия ҷанги зидди Украинаро чунин ном мебаранд) дар қаламрави Украина, ЛНР, ДНР ҷон бохт».

Ба иттилои расмӣ, Раҳматовро дар шаҳри Юрйев-Полскии вилояти Владимир ба хок супурданд. Мақомоти ин шаҳр ё матбуоти дигари маҳаллӣ, ки хабарро бознашр кардааст, ҷузъиёте аз ин беш намедиҳад.

Раҳматов, ба эҳтимоли зиёд, яке аз даҳҳо зодагони Тоҷикистон аст, ки бо қабули шаҳрвандии Русия барои ширкат дар ҷанги зидди Украина сафарбар шудаанд.

Шумори дақиқи тоҷикону тоҷикистониёне, ки аз тарафи Русия дар ин ҷанг иштирок мекунанд, нашр намешавад. Аз ҷумла, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон моҳи август дар як нишасти хабарӣ гуфт, «шумори расмии зодагони Тоҷикистон, ки дар Украина меҷанганд, мавҷуд нест».

Вале ба ҳисоби тарҳи давлатии Зистан мехоҳам"-и Украина, аз оғози соли 2025 беш аз 600 зодаи Тоҷикистон бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанг рафтаанд. Ин тарҳ дар маҷмӯъ номи 930 Тоҷикистониро нашр кард, ки ба ҷанг пайвастаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд. Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, аксарият аз зиндонҳо ва қисме ҳам аз сохтмону бозорҳо ба ҷанг сафарбар шудаанд. Ба ин роҳ онҳоро бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон, пули калон ва ё пешниҳоди шиносномаи русӣ ҷалб мекарданд.


ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Чаро дар Тоҷикистон касе барои ширкат дар ҷанги Украина ҷазо намегирад?Додситони кул: Ягон нафар барои ширкат дар ҷанги Украина ҷавобгар нашудаастЗеленский гуфт, зархаридони тоҷик дар ҷабҳаи аввали ҷанг ҳастандДар Русия як зодаи Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Украина кушта шуд, ба хок супурданд