Зилзила Тоҷикистонро ларзонд

Шаби 21 октябр зилзила шаҳри Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро такон дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон хабар дод, ки зилзила соати 23:14 ба вақти маҳаллӣ, рух дод.

Ба иттилои манбаъ, маркази зилзила ҳудуди Афғонистон буда, қувваи зилзила дар он 5 дараҷа, дар ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон 3-4 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 2-3 дараҷаро ташкил додааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, заминларза хисорот ва талафони ҷонӣ дар пай надоштааст.

Ҳамзамон марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон маркази ин заминларзаро кӯҳҳои Ҳиндукуш дар Афғонистон ва неруи онро 5,1 дараҷа гуфтанд.

Расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки зилзила бархе аз минтақаҳои ин кишварро низ такон додааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Аз ҷумла, бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрели имсол дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.

Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.