Дар пайи заминларзаи субҳи 3-юми ноябр хатҳои интиқоли барқ аз Узбекистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон хароб шуда, чанд вилояти Афғонистон бе барқ мондаанд.
Хабаргузории "Хома" аз қавли ширкати "Брешно" навишт, хати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Кундуз тахриб шуда, сокинони шаҳри Кобул ҳам феълан барқ надоранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон шиддати заминларзаро дар шаҳри Душанбе 4 дараҷа гуфт, аммо дар мавриди пайомадҳои он, аз ҷумла вайрон шудани хати интиқоли барқ чизе нагуфт. Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Ширкати "Брешно" гуфтанд, бо вуҷуди талошҳои зиёди мутахассисон хатҳои интиқоли барқ барқарор нашуданд.
Шаби 2 ба 3-юми ноябр заминларзаи сахте Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистонро такон дод. Маркази ин заминларза шаҳри Балхи Афғонистон эълон шуд ва қувваи зилзила дар инҷо ба 6-7 балл будааст. Заминларза сабаби марги чанд кас дар Афғонистон шуд.
Афғонистон як бахши асосии барқи мавриди ниёзашро аз Узбекистон ва Тоҷикистон мехарад. Фурӯши барқ ба Афғонистон интиқодро дар дохили Тоҷикистон ба миён овардааст, чун бештари сокинон дар тирамоҳу зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, асосан дар фасли тобистон ва замони фаровон будани об дар обанборҳои Тоҷикистон ба Афғонистон барқ медиҳанд. Назаре, ки бархеҳо ба он шубҳа доранд.