Шаби 2 ба 3-юми ноябр заминларзаи сахте Тоҷикистон ва чанд кишвари минтақаро такон дод.
Ба иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, зилзила соати 1:29 ба вақти Душанбе рух дода, қувваи заминларза дар пойтахт 4 ва дар Панҷакент 3 баллро ташкил дод.
Манбаъ мегӯяд, маркази заминларза дар ҳудуди Афғонистон буд. Қувваи заминларза дар марказаш 6-7 балл гузориш шудааст.
Маркази заминшиносии Амрико навиштааст, маркази зилзила вилояти Балхи Афғонистон буд. Ларзиши замин дар Афғонистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон ва Покистон ҳам сабт шудааст.
Баъзе сокинони шаҳри Душанбе аз тарси такрори заминларза нимашаб ба берун баромадаанд. Сокинон мегӯянд, дар чанд соли ахир чунин заминларзаи сахтеро надида буданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон навиштааст, ин ҳодиса хисорот ва талафот дар пай надошт.
Расонаҳо аз марги 7 нафар дар Афғонистон гузориш додаанд. Мақомоти Толибон гуфтанд, омор дар бораи талафотро давоми рӯз нашр мекунанд.
Баъзе сокинон аз тарс ба берун баромадаанд:
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.
Аз ҷумла, бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрели имсол дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.
Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.
Хабар давоми рӯз такмил мешавад: