"Зимистон сард ояд, ангишту ҳезумамон кофӣ нест"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо сард шудани ҳаво гарм кардани хонаҳо дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон ба як масъалаи муҳим табдил мешавад. Сокинон имсол ҳам мисли солҳои қабл нерӯи барқро бо маҳдудият мегиранд ва ангишту ҳезуму тапак захира мекунанд, то зимистонро паси сар кунанд.