Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Амир Ҳусейн Пироиш, рассоми 60-солаи эронӣ мегӯяд, аксари ҳамкоронӣ тоҷикаш дар Тоҷикистон аз табиати зебои ин кишвар бехабар буда, маконҳои нотакрор ва аз назари мардум дурмондаро наққошӣ накардаанд.
Дар нахустин рӯзи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2019", ки субҳи имрӯз, 15-уми апрел дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, бархе аз ҳунармандон ва огоҳон аз камбуду пешрафти театри тоҷик садо баланд карданд.
Илҳомҷон Раҳмонов, сокини шаҳри Душанбе бо даъво барои бозпас гирифтани беш аз 44000 доллари амонаташ аз "Тоҷиксодиротбонк" дар додгоҳ пирӯз шуд. Аммо ин бонк бо даъвои ҷавобӣ дар додгоҳи болоӣ хостори лағви ин қарор шудааст ва далел овардааст, ки вазъи молияш хуб нест.
Сарони расонаҳои хабарии интернетӣ мегӯянд, бастани сомонаҳо кори чандон бад ҳам набудааст, зеро ба онҳо донишҳои нави технологӣ дод ва ҳам сафи муштариёнашонро ба маротиб бештар кард.
Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфтанд, ки масъалаи пулакӣ кардани роҳи Душанбе-Бохтар дар соли 2022 ҳал хоҳад шуд.
Як сокини шаҳри Душанбе иддао кард, ки писарашро тариқи "облава" ё маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Дилором Шарофова гуфт, писараш Ҳадятулло Носиров ба хотири ягона ноновари хона будан то соли 2022 аз хидмат озод буд ва дар ин маврид санад дошт.
Як сокини шаҳри Душанбе иддао кард, ки писарашро аз роҳи "облава" ё зӯран ба артиш бурдаанд. Дилором Шарофова гуфт, писараш Ҳадятулло Носиров сарпарасти хона ва то соли 2022 аз хидмат озод буд. Идомаи баҳсро дар навори видео бинед.
Бонки Осиёии Рушд (ADB) ба Тоҷикистон тавсия додааст, ки нархи интернетро поин оварда, дастрасӣ ба онро беҳтар кунад. Мақомоти бонк мегӯянд, Тоҷикистон аз ин роҳ метавонад фоидаи бештари иқтисодӣ бардорад.
Дар назар аст сар аз имрӯз, 1-уми апрел қабулгоҳи Мирзиёев барои шунидани арзу доди сокинон боз шавад ва аз чанд рӯзи пеш сабти номи сокинон барои сӯҳбат бо президент шурӯъ шудааст.
“Royal falcon security” - як ширкати арабӣ аз Тоҷикистон дархост кардааст, ки корҷӯёни тоҷикро барои кор дар Имороти Муттаҳидаи Араб фиристад.
Як хабарнигори Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба Додситонии кулли кишвар шикоят бурдааст, ки ҳини фаъолияти касбияш аз ҷониби сармуҳандиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, "сахт" таҳқир шудааст.
Гурӯҳе аз модарони маҳбусони гумонбар дар ташкили ошӯби маҳбаси рақами 3-и Хуҷанд ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ ва Юсуф Раҳмон, Додситонии кулли кишвар номаи додхоҳӣ навишта, хостори баррасии одилонаи қазияи фарзандонашон шудаанд.
Як шаҳрванди Амрико, ки писараш тобистони соли гузашта дар ҳамлаи террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кушта шуд, мехоҳад, аз мақомоти ҷуброни зарари маънавӣ талаб кунад.
Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хоруғ Илҳом Ёқубов, як афсари Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки дар пайи садама бо ширкати ӯ ду сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷон бохтанд, барои ҳафт сол равонаи зиндон кард.
Бибизаҳро баъзан барои набераҳояш афсона мехонад. Гоҳе Ҳингилдевро ба ёд меорад, гоҳе бузаки ҷингилапо ва кали зиракро. Ин сокини вилояти Суғд мегӯяд, дар кӯлбори хотирааш бештар аз ин афсона надорад ва бисёр вақт набераҳояш ё рӯ ба телефон меоранд ё ба телевизион.
Як зани тоҷик дар Русия мегӯяд, мақомоти пулиси он кишвар на танҳо гумонбари латту кӯби ӯро дастгир накарданд, балки худи ӯро аз он кишвар ронданд.
Тоҷикистон даҳ сол пеш ниҳоди Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсонро таъсис дод. Бисёриҳо умед доштанд, ки ба фарёди худ фарёдрас пайдо карданд ва ба фарқ аз додрасу додситону пулис, Омбудсмен бештар аз мавқеи корафтодаҳо ҳимоят намуда, дарди дили онҳоро ба «боло» хоҳад расонд.
Як сокини ноҳияи Дарвоз, ки ҳангоми сохтмони Масҷиди бузургтарини Душанбе аз баландии 33 метр афтода, маҷруҳ шуда буд, даргузаштааст. Қурбоншо Элчиеви 38-соларо рӯзи 6-уми март дар зодгоҳаш деҳаи Дробак дафн карданд.
Ёфтҳои бештар