Аз соли 2013 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Дар гузашта дар телевизиони “Мавҷи Озод”-и ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст.
Писарбачае, ки рӯзи дароз дар дасти гаравгонгирҳо буд ва дар як амалиёти полиси Турсунзода сиҳату саломат озод шуд, ҷузъиёти ҳодисаҳои рӯзи 6 декабрро нақл кард.
Исматулло Хоҷаев аз мақоми раиси Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон бо хоҳиши худ истеъфо додааст. Вай ба ин вазифа 4-уми апрели соли 2015-ум интихоб шуда буд.
Ишқи ӯ бо як ҷавон аз деҳаи Порвор анъанаи солҳо побарҷои як деҳаи кӯҳистониро тағйир дод. Мафтуна Қурбоноваи 59-сола 42 соли қабл аз шаҳри Кӯлоб бо як ҷавони порворӣ издивоҷ кард ва ин деҳаро макони зист қарор дод.
Муборак Муқимӣ (Рустамзода), сокини 21-солаи Кӯлоб, ки соли гузашта аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид "Малолаи тоҷик" ном гирифт, мегӯяд, ба тарғиби таҳсили духтарон дар Тоҷикистон идома хоҳад дод. Ӯ аввали моҳи ноябр ба Эфиопия рафта, дар як ҷаласаи Созмони Милал ҳам иштирок кард.
Як зани рус, ки ба гуфтаи худаш тақдир чил соли пеш ӯро ба ноҳияи дурдасти Мӯъминобод овард, ба занони ин минтақа ҳунарҳои тоҷикиро меомӯзонад. Надежда Саидова 62 сол дорад ва расман фарроши яке аз мактабҳои миёнаи Мӯъминобод аст.
Мақомоти шаҳри Кӯлоб дафтари пешини ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро, ки тайи бештар аз як сол боз дараш қуфл ва тирезаҳояш мӯҳр зада шуда буд, дар ихтиёри ширкати “Чакан” гузоштанд. Зариф Валиев, раиси ширкат, гуфт, баъди ҷобаҷогузории таҷҳизот ба корашон идома хоҳанд дод.
Сокини 76-солаи Ҳамадонӣ намедонад, сарашаро ба куҷо занад: 11 азизаш ба қаламравҳои зери назари ДИИШ рафтанд ва баъди кушта шудани писараш аз онҳо ҳеҷ дараке нест.
Сокини 76-солаи Ҳамадонӣ намедонад, сарашаро ба куҷо занад: 11 азизаш ба қаламравҳои зери назари ДИИШ рафтанд ва баъди кушта шудани писараш аз онҳо ҳам ҳеҷ дараке нест.
Порвор -- деҳаест дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Шумораи зиёди сокинони ин деҳаро навҷавонону хурдсолон ташкил медиҳанд. Хурдсолони ин деҳа ҳар кадом ояндаашонро аз нигоҳи кӯдаконаи худ мебинанд ва дар бораи он қисса мекунанд.
Деҳаи Порвор 200 хоҷагӣ дорад ва мушкили аслии сокинонаш набуди кор ва қочоқи маводи мухаддир мебошад. Ин русто дар марзи Афғонистон ҷойгир аст ва кӯдакони он орзу доранд ояндаи беҳтаре назар ба волидонашон дошта бошанд
Дар остонаи таҷлил аз Рӯзи президент дар Тоҷикистон маълум мешавад, ки хосторони сӯҳбати рӯбарӯ бо Эмомалӣ Раҳмон кам нестанд. Яке мехоҳад бо ӯ мавзӯи бекориву гаронии нархҳоро матраҳ кунад, дигарӣ аз ӯ ташаккур кунад, ки дар кишвар сулҳу осоиш ҳукмфармо аст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфтанд,ки президентро бинанд чӣ хоҳанд гуфт.
Овозхони маъруфи попи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар бораи сурудҳои нав, зарурати пардохти андоз ва дурнамои ҳамкориҳояш бо Манижаи Давлат сӯҳбат кард.
Аксар мусоҳибони радиои Озодӣ мегӯянд, хабари пирӯзии номзади ҷумҳурихоҳҳо дар интихоботи ИМА онҳоро ҳайратзада кард. Зоҳиран дар Тоҷикистон тарафдорони Ҳилларӣ Клинтон назар ба Доналд Трамп бештар буд.
Аксар мусоҳибони радиои Озодӣ мегӯянд, бовар доштанд, ки дар Амрико ҳодисаи муҳими таърихӣ мешавад ва рӯзи 8 ноябр мардуми ин кишвар як хонум – номзади демократҳо Ҳилларӣ Клинтонро президент интихоб мекунад.
Ҷараёни интихоботи президентии Амрикоро даҳҳо намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, хабарнигорон ва дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе ҳам назорат карданд. Элизабет Миллард, сафири Амрико дар шарҳи ҷараёни интихоботи президентии кишвараш гуфт, "Шумо демократияро дар амал мушоҳида мекунед".
Имрӯз, 9-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии байналмилалии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор мешавад. Бозӣ соати 17:00 оғоз меёбад.
Дар як нишасти хабарӣ, ки имрӯз, 8-уми ноябр, дар шаҳри Душанбе пеш аз бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Туркманистон барпо гардид, намояндагони ҳарду даста дар бораи омодагиҳо ба ин бозӣ иттилоъ доданд.
Ҷангалзорҳои Тоҷикистон, ки ҳанӯз 50 соли пеш дар 20 дар сади қаламрави ин кишвар доман афрохта буданд, имрӯз ҳудуди 3 дар садаш боқӣ мондаасту бас.
Ёфтҳои бештар