Аз соли 2015 то соли 2017 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт. Аз моҳи сентябри соли 2019 хабарнигор дар вилояти Суғд аст. Хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд. Дар гузашта хабарнигори телевизиони "Суғд" ва "Ҷаҳоноро" буд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гуфтанд, ки тақрибан як соли баста будани марзҳо ва коҳшии парвозҳо байни Тоҷикистону кишварҳои дигар бар зарарашон анҷомид ва ҳоло мунтазири ҳарчи зуд боз шудани роҳҳо ҳастанд.
Абдуллоҷон Орифов, аввалин раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ва вакили собиқи порлумон шаби 25-уми феврал дар синни 80 солагӣ даргузашт.
Баъди се моҳи шудани як додраси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои "паст задани шаъну эътибори додрас” мақомоти интизомии вилояти Суғд ҷузъиёти парвандаи ӯро шарҳ доданд.
Мақомоти тандурустии вилояти Суғд, бо гузашти тақрибан як сол аз рӯ задани COVID-19, гузориши Радиои Озодиро дар бораи нахустин ҳолати ошкоршудаи эҳтимолии ин сироят дар як ноҳияи ҳаммарзи Қирғизистон тасдиқ карданд.
Дар вилояти Суғд ба боздошти Фурқат Абдуфаттоев, сокини 45-солаи Исфара, дар Русия вокуниш карданд. Вай рӯзи 1-уми феврали имсол бо дархости ҷониби Қирғизистон ва бо иттиҳоми иштирок дар моҷароҳои марзӣ дар Бошқирдистон дастгир шуд.
Агар умр вафо мекард, имрӯз Тоҳири Абдуҷаббор, бунёдгузори ҷунбиши мардумии "Растохез", ки бо номи меъмори истиқлоли Тоҷикистон маъруф аст, ба синни 75 мерасид. Ӯ дувоздаҳ сол пеш бар асари беморӣ даргузашт.
Бештар аз 4 сол аст, ки дар мақомоти додгоҳӣ баҳси ба кӣ тааллуқ доштани ду хона дар шаҳри Хуҷанд хотима намеёбад. Истиқоматкунандагони ин хонаҳо мегӯянд, чанд даҳсола пеш пули онро ба соҳибонм пешинааш доданд, вале ба сабаби нобасомониҳои рӯзгор натавонистаанд, ба номи худ сабт кунанд.
Оҳангарон дар Истаравшан мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири рушди ҳунарҳои халқӣ 3 сол пеш косибонро аз пардохти андоз озод кард, аммо онҳо аз ин имтиёз бенасиб монанд.
Як шоиру ҳуқуқдони тоҷик азоби садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои ёфтани рӯзии худу хонавода дар Русия кор мекунанд, дар китоби "Рози муҳоҷир" ба тасвир кашидааст.
Шаҳбол Мирзоев, як сарбози тоҷик, ки ба сабаби бадрафторӣ дар артиш бемори бистарӣ шуд, шаби 1-уми феврал даргузаштааст. Дилрабо Самадова, ҳомии ҳуқуқи тоҷик, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи Шаҳбол дар додгоҳҳо саҳм доштааст, имрӯз ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбол дар шифохонае дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.
Як гуруҳ аз соҳибкорон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят карданд, ки молики Маркази савдои "Суғдиён" бар хилофи шартнома аз онҳо пул талаб мекунад. Ҷониби дигари баҳс мегӯяд, гап дар бораи ободу зебо кардани бозор меравад.
Гуруҳе аз соҳибкорони Маркази тиҷоратии “Суғдиён” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шикоят мекунанд, ки соҳиби бозор бар хилофи шартнома аз онҳо пул талаб мекунад. Молики маркази тиҷоратӣ мегӯяд, сухан аз маблағҳое меравад, ки барои хароҷот ва ободонии бозор бояд пардохт шавад.
Дар моҳҳои охир номи чанде аз ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон дар робита ба коҳиши сайёҳӣ ва ҳатто боз шудани парвандаҳои ҷиноӣ ёд мешаванд ва беш аз ҳама номи Қалъаи Муғ дар шимоли кишвар сари забонҳост.
Ёфтҳои бештар