Аз ноябри соли 2001 дар бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага фаъолият мекунад. Дар Душанбе ба воя расида, риштаи филологияи тоҷики ДМТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи рақами 55-и Душанбе, хабарнигори "Азия-Плюс" ва ҳамоҳангсози UNIFEM кор кардааст. Мудири Маркази назарсанҷии "Зеркало" буд.
На, ин хабар на танҳо барои занҳо, балки барои мардҳо - бахусус шавҳарҳову бародарҳову падарҳои бадрашк бояд хуш ояд: дар ар-Риёзи Арабистони Саъудӣ 19 март, меҳмонхонае дарҳояшро ба рӯи муштариён боз кард, ки мегӯяд, танҳову танҳо бонувонро ба ин даргоҳ иҷозаи ворид шудан медиҳад. Ҷиддӣ мегӯям: аз оддитарин фаррош то аҳли мудирияти ин меҳмонхонаро занҳо ташкил мекунанд. Барои як шаби хоб дар ин меҳмонхона пардохти ҳадди аққал 93 доллар тақозо мешавад. Барои истифода аз хадамоти вижаи он, мисли ороишгоҳу утоқи массаж боз маблағи иловагӣ талаб мешавад.
Дар шароити танишҳои афзоянда бар сари барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон, Ҷумҳурии исломӣ интихоботи парлумониашро доир мекунад.
Шумо аз фишор болои озодии баён дар интернет нороҳат ҳастеду аз боздошти муаллифони саҳифаҳои интернетӣ ё блогҳо эътироз доред?
Чоршанбе, 12 март бо ташаббуси Созмони фаронсавии "Гузоришгарони бидуни марз" чун рӯзи озодии баён дар Интернет таҷлил шуд.
Дафтарҳои СММ, ки дар умури ғизо масъулият доранд, аз болоравии қимати озуқа дар саросари ҷаҳон изҳори нигаронӣ мекунанд.
Дар Ҷашнвораи филмҳои мустанади "Ҷаҳони ягона", ки ба вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон бахшида шудааст, филмҳои синамогарони бритониёиву қирғизистонӣ аз назари бинандагон фавқулодда хуб арзёбӣ шудааст.
Весна Касерес яке аз ҳунармандони маъруф ва оҳангсозони шинохтаи Ҷумҳурии Чех бо таронаҳои ҷаз маъруфият ба даст овардааст.
Ширкати воҳиди гази Русия – «Газпром» эълон намудааст, ки содироти газ ба Украинаро аз нав оғоз мекунад.
Раиси Оҷонсии байналмилалии энержии атомӣ гуфт, ки Эрон ҳамоно пеши роҳи мутахассисони СММ-ро мегирад, ки талош доранд, муайян кунанд, оё Теҳрон дар пайи роҳандозии озмоишҳои ҳастӣ мебошад, ё на.
Ҳангоми сафари худ дар Ироқ раисҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки сафари ӯ ба ин кишвар дар равобити миёни ҳарду кишвари ҳамсоя саҳифаи навро боз мекунад.
Имрӯз, 1 март, полиси Арманистон гирдиҳамоии мухолифин дар маркази Ереванро бо истифода аз нерӯ пароканда кард.
Александр Казюлинро дар чунон шароити махфӣ аз зиндон берун оварданд, ки ҳатто гурӯҳи хабарнигороне, ки дар беруни маҳбас ҷамъ шуда буданд, аз раҳо шудани вай хабар наёфтанд.
Нахуствазири Дания гуфт, ки бенизомиҳои ҷавонони кишвар, ки беш аз як ҳафта аст, идома дорад, як амали нобахшиданӣ мебошад.
Аз инқилоби исломии Эрон 29 сол мегузарад ва насли кунунии ин кишвар, ки баъди рӯйдодҳои баҳмани соли 1979 ба дунё омадаанд, ба гузаштаву имрӯзаи кишвари худ ғолибан аз ду зовия баҳо медиҳанд.
Ширкати интернетии Google гуфт, ки талоши ширкати Microsoft барои харидории ширкати рақиби Yahoo як иқдоми мушкилзо хоҳад буд.
Мақомоти интихоботии Русия монеъи ширкати раҳбари мухолифини ҳукумат М. Касянов дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи март шуд.
Нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ аз шурӯъи амалиёти густурдаи азиме зидди ҷангиёни «ал-Қоъида» дар шаҳри шимолии Мосул изҳороте пахш кард.
Ёфтҳои бештар