Дар чанд ҷумла
Манижа Сангин дар бораи ҷоизаи UNHCR ба ҳомии паноҳҷӯёни яманӣ гуфт
Соли 2021 Анҷумани рушди башарии “Ҷиил Албена” ва муассиси он Амин Ҷуброн барандаи ҷоизаи ба номи Нансени Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) гардиданд. Манижа Сангин, сафири ҳусни нияти UNHCR аст, ки дар маросими тақдими ин ҷоиза иштирок кардааст. Созмони “Ҷиил Албена” барои наҷоти ҷони даҳҳо ҳазор нафар қадрдонӣ шуд, ки дар паи ҷангу хунрезиҳо дар Яман маҷбур хонаву кишвари худро тарк кардаанд. Манижа Сангин, сафири ҳусни нияти UNHCR ахиран дар сӯҳбат бо вебсайти https://www.forbes.ru гуфт, “ҷоиза ба созмони башарии “Ҷиил Албена” дода шуд ва ҳадафаш ҷалби таваҷҷӯҳ ба мардуми беҷошуда дар паи ҷанги Яман ва кишваре аст, ки бо бӯҳрони бисёр ҷиддии башарӣ рӯбарӯ шудааст. Чор миллион сокин Яман бехонаву дар шуда, ба кӯмаку ҳимоят ниёз доранд”.
Манижа Сангин гуфтааст, худи Амин Ҷуброн як паноҳҷӯи собиқ будааст ва баъди маҳрумиятҳои дидааш қарор намуд худ ба ёрии паноҳҷӯён шитобад.
Манижа Сангин, ки овозхони зодаи Тоҷикистони муқими Русия аст, ҳамчунин ба унвони як муҳоҷири собиқ аз ҷониби UNHCR соли 2020 барои иҷрои мақоми ифтихории сафири ҳусни ният интихоб шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Додгоҳи Итолиё амр дод, шаҳрванди Украинаро ба Олмон бисупоранд
Додгоҳи болоӣ дар шаҳри Болоняи Итолиё амр додааст, ки Сергей Кузнетсов, шаҳрванди Украинаро ба Олмон бидиҳанд, чун муфаттишон собит кардаанд, ки ӯ дар таркиши лӯлаи гази «Маҷрои шимолӣ-1» ва «Маҷрои шимолӣ-2» даст дорад.
Додгоҳ ҳукми додгоҳҳои поёниро дар бораи истирдод накардани Кузнетсов беэътибор кардааст. Вакили дифои гумонбар дар ҷиноят Никола Канестрини гуфтааст, ки аз ин ҳукм ба Додгоҳи болоии таҷдиди назар дар Итолиё шикоят мебарад, зеро дар ҷараёни тафтишот ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ додаанд.
Ба гуфтаи муфаттишони Олмон, 26-уми сентябри соли 2022 гурӯҳи иборат аз 6 нафар як қаиқро бо санадҳои сохта иҷора гирифтаанд ва бо асбобҳои ғаввосӣ дар се шохаи лӯлаҳои гази «Маҷрои шимолӣ» маводи тарканда насб кардаанд. Лӯлаи мазкур, ки Русияро ба Олмон мепайвандад, як роҳи муҳими таъмини газ барои Олмон буд. Додситонии Олмон мегӯяд, Сергей Кузнетсов, яке аз ҳамоҳангсозони вайронгарӣ дар лӯлаи газ будааст.
Худи ӯ иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки ҳангоми таркиши лӯла дар Украина буд. Сергей Кузнетсовро моҳи августи соли 2025 бо дархости Олмон дар Итолиё дастгир карданд.
Пораи азиме аз як пирях дар Тоҷикобод канда шудааст
Пораи азиме аз як пиряхи бузург дар қаторкӯҳҳои Исмоили Сомонӣ канда шуда, аз тариқи дара ба поён лағжидааст. Ин қаторкӯҳ дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ҷойгир аст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса нимарӯзи 25-уми октябр рух додааст ва ин анбори азими ях соати 11 ҳаракат карда, соатҳои 14 нисбатан ором гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, дарозии пиряхи ҷудошуда ҳудуди 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр мебошад.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ аз ҳаракати ин пирях нашр шудааст ва муаллифон баландии онро гоҳо то 50 метр, барашро 200-300 метр ва дарозии онро тахминан 7,5 километр гуфтаанд.
Ба иттилои мақомоти тоҷик ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар дар пай надоштааст. Аммо ба гуфтаи мутахассисон, бар асари бориши боронҳои сахт ва такроран кандани пирях аз баданаи пиряхи бузург, он метавонад ба бархе деҳаҳои ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об хатар дошта бошад.
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор пирях вуҷуд дорад. Тоҷикистони кӯҳистонӣ бо пиряхҳои хурду бузургаш манбаи аслии об дар Осиёи Марказӣ аст, вале дар 30 соли ахир ба сабаби гармоиши курраи Замин бештар аз 1000 пирях комилан аз байн рафтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо масъалаи обшавии пиряхҳоро дар ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ матраҳ карданд, аммо то ҳол тадбире муассир барои пешгирӣ аз обшавии кӯҳҳои бузурги ях дар назар гирифта нашудааст.
Трамп бо нахуствазири Ҷопон мулоқот кард
Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп рӯзи 27 октябр дар нахустин дидори худ бо нахуствазири нави Ҷопон Санаэ Такаити гуфт, ҳампаймонии Вашингтон ва Токио дар болотарин сатҳ аст.
Трамп, ки дар оғози сафари осиёии худ вориди Токио шуд, дар дидор бо Санаэ Такаити дар иқоматгоҳи нахуствазир гуфт, ифтихор мекунад дар нахустин рӯзҳои корӣ "яке аз бузургтарин нахуствазирҳои Ҷопонро мулоқот мекунад".
Санаэ Такаити низ бо таъкид бар пайванди ду кишвар гуфт, мехоҳад "асри тиллоии наве" дар ҳампаймонии Ҷопон ва Амрико эҷод кунад.
Ин дидор дар ҳоле анҷом мешавад, ки Трамп дар талош аст пеш аз гуфтугӯ бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, дар бораи созиши тиҷорӣ миёни ду иқтисоди бузурги ҷаҳон, мавзеи Вашингтонро тақвият кунад.
Интизор меравад, ки ду тараф дар Токио дар мавриди масоили амниятӣ ва тиҷорӣ суҳбат кунанд. Ҷопон бинобар таниш бо Чин, буҷаи дифоии худро ба ду дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, афзоиш додааст.
Се кӯдаки бепарастори тоҷикро аз Русия баргардонидаанд
Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз баргардонидани 3 ноболиғ ба Тоҷикистон хабар дод.
Консулгарӣ бо пахши як хабар гуфтааст, ки бо мусоидати Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр 3 нафар шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Русия бепарастор монда буданд, ба ватан баргардонида шуданд.
Дар бораи шахсияти кӯдакону он, ки чӣ гуна онҳо бе парастор монданд, мақомот ҷузъиёте надодаанд. Қаблан ҳам мақомоти тоҷик чандин шаҳрванди ноболиғро, ки дар Русия бесаробон монда буданд, ба ватан баргардониданд.
Занозании муҳоҷирон дар Маскав вакилони русро асабонӣ кард
Баъди занозании гурӯҳӣ дар шаҳри Маскав вакилони Думаи давлатӣ хостаанд, ки назорат бар муҳоҷирон боз ҳам сахттар шавад. Алексей Журавлев, муовини аввали раиси Кумитаи дифоъи Думаи Давлатӣ дар мусоҳиба бо Gazeta.ru гуфтааст, Русия ба издиҳоми муҳоҷирони идоранашаванда ниёз надорад.
Вакили рус аз қарори лағви шаҳрвандӣ ва ихроҷи ду саркардаи задухӯрд пуштибонӣ кардааст. Вакили дигари рус Михаил Матвеев гуфтааст, агар теъдоди муҳоҷирон дар сохтмонҳо коҳиш дода шавад, муноқиша кам мегардад.
Рӯзи 25-уми октябр дар маҷмааи истиқоматии «Прокшино»-и Маскав занозании гурӯҳӣ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он даҳҳо муҳоҷир, бо белу калтак ба ҳам дарафтодаанд. Дар видеои ин ҷанҷол дашномҳо ба забони тоҷикӣ зиёд шунида мешавад. Дар маҷмӯъ, беш аз 80 нафар боздошт ва ба идораи пулис бурда шуданд.
Ба зидди 19 нафар бо иттиҳоми авбошӣ парванда боз кардаанд, боқимонда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидаанд. Дар Русия баҳсу ҷанҷол миёни муҳоҷирон барои кор зиёд иттифоқ меафтад. Дар аксар маврид, муҳоҷиронеро, ки дар занозаниҳои гурӯҳӣ иштирок мекунанд, аз қаламрави Русия меронанд.
Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба Маскав ва дигар гӯшаҳои Русия
Cергей Собянин, раиси шаҳри Маскав гуфт, ки низомиёни Русия аз шоми 26-уми октябр то субҳи 27-уми октябр на камтар аз 34 паҳпод ва ё дронҳои озими шаҳри Маскавро дар фазо нобуд кардаанд. Ҳеч гузорише дар бораи хисорот ва ё талафот нарасидааст.
Шабона бар асари ҳамлаҳои паҳподҳои украинӣ фурудгоҳҳои Домодедово ва Шереметеворо бастанд ва субҳи 27-уми октябр кори онҳо дигарбора идома кард. Дар вилояти Брянск, ба гуфтаи раиси ин вилоят Александр Богомаз, дар натиҷаи зарбаи паҳпод ба як мусофирбар ронандаи он кушта шудааст ва панҷ мусофир ҷароҳат бардоштаанд.
Дар вилояти Курск ҳамлаи паҳпод сабаби оташсӯзӣ дар назди як истгоҳи тақсими барқ шудааст. Вячеслав Гудков, раиси вилояти Белгород хабар додааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои паҳподии Украина ба ин вилоят дар як шабонарӯзи гузашта 1 нафар кушта шуда, 23 каси дигар аз ҷумла 3 кӯдак ҷароҳат бардоштаанд.
Дар вилояти Калуга ба гуфтаи мақомоти инҷо 5 бинои истиқоматӣ осеб дидааст. Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки дар маҷмуъ 200 паҳподи Украинаро дар фазо радёбӣ ва нобуд кардааст.
Трамп гуфт, Путин бояд машғули поён додан ба ҷанг бошад, на мушакозмоӣ
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, баёнияи ҳамтои русаш Владимир Путинро дар бораи озмоиши мушаки «Буревестник» танқид кард ва онро «беҷо» хонд. Пештар аз ин раиси ҷумҳури Русия аз мақомот хост, дар бораи натиҷаи озмоиши ин мушаки дурпарвоз ба ӯ гузориш диҳанд.
Доналд Трамп рӯзи 26-уми октябр ба хабарнингорон гуфт: «Онҳо медонанд, ки беҳтарин киштии зериобии атомиро дорем, ки дар назди соҳилҳои онҳо ҷойгир аст. Барои ҳамин ба мо зарур нест, мушак 8 ҳазор мил (12874 километр) парвоз кунад. Онҳо бо мо бозӣ намекунанд ва мо ҳам бо онҳо бозӣ намекунем. Зимнан ман ингуна баёнияҳои Путинро беҷо мешуморам. Ӯ бояд ба ҷанг поён диҳад. Ҷанге, ки бояд як ҳафта мегирифт, чаҳор сол аст, идома дорад. Ӯ бояд машғули поёни ҷанг бошад, на инки мушак озмоиш кунад.”
Фармондеҳони артиши Русия рӯзи 21-уми октябр мушаки “Буревестник”-ро озмоиш кардаанд, ки қодир ба парвоз дар масофаи дароз аст. Ба гуфтаи онҳо, мушаки қодир ба ҳамли кулоҳакҳои атомӣ дар ин рӯз 14 ҳазор километр парвоз кард ва 15 соат дар фазо буд. Раҳбарони Русия таъриф кардаанд, ки чунин мушакеро то кунун дигар қудратҳои ҷаҳонӣ надоранд.
Дар марги духтари 15-солаи тоҷик модарандарашро муттаҳам кардаанд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар зидди як зани 28-сола аз ноҳияи Шаҳристон бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани духтарандари 15-солааш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Дар баёнияи вазорат аз рӯзи 24-уми октябр омадааст, ки ин навҷавон рӯзи 13-уми октябр худро дар хонаашон ба дор овехтааст. Дар ин баёния омадааст: “Дар номае, ки марҳум пеш аз маргаш навиштааст, таъкид намудааст, ки ба муносибати бераҳмонаи модари ӯгаяш тоқат карда натавониста роҳи халосиро дар худкушӣ кардан донистааст.” Назари муттаҳам ба ҷиноят маълум нест, ки оё навиштаҳои наврасро рад мекунад, ё не.
Ба қавли вазорат, санҷиши муфаттишон нишон додааст, ки навҷавони ҳанӯз ба балоғат нарасида, ба муомилаҳои пайвастаи бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътибораш тоб наёварда ва роҳи халосиро дар худкушӣ дидааст. Ба зидди модарандар, ки номашро набурдаанд, бо иттиҳоми ба худкушӣ расонидани ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва дар сурати собит шудани ҷиноят мумкин аст, ин занро аз 5 то ба 8 сол маҳкум ба зиндон кунанд.
Дар Тоҷикистон солҳои ахир қасди худкушӣ ва ё мавридҳои худкушӣ зиёд шудаанд. Бар асоси омори Додситонии кулли Тоҷикистон, соли 2024 дар кишвар 259 нафар занону духтарон ё худкушӣ ва ё қасди худкушӣ кардаанд. Як таҳқиқ ҳам нишон додааст, бисёре аз онҳое, ки сабаби худкушӣ шудаанд, ҷое кор намекарданд.
Дар марзи Узбекистону Тоҷикистон пули зиёдеро мусодира кардаанд
Хадамоти амнияти миллии Узбекистон мегӯяд, монеи қочоқи тақрибан 430 ҳазор доллар шудааст, ки якбора 34 нафар мехостаанд, аз марзи ин кишвар ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон баранд.
Дафтари матбуоти ин идора дар як навори видеоӣ дар Телеграм дар рӯзи 26-уми октябр гуфтааст, ки кормандони амниятӣ ва гумрук дар гузаргоҳи марзии “Фарҳод” воқеъ дар ноҳияи Бекободи Узбекистон ва ноҳияи Спитамени Тоҷикистон дар умум аз қочоқи 5.2 миллиард соми узбекӣ пешгирӣ кардаанд.
Дар ин видео гуфта мешавад, ки як шаҳрванди Узбекистон бештар аз 13 миллион рубли русӣ, 24 000 сомонӣ, бештар аз 10 миллион сӯми узбекӣ ва бақия доллару евро ва юан ва соми қирғизиро ба 34 нафар тақсим кардааст, то ба Тоҷикистон гузаронанд ва сипас аз онҳо ҷамъ карда бигирад.
Мақомоти амниятии Узбекистон гуфтаанд, ки тафтишот барои маълум кардани соҳибони аслии пули зиёд идома дорад ва ба зидди ташкилкунандаи қочоқ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Замони талош барои қочоқи пули зиёд ба Тоҷикистонро нагуфтаанд.
Байни ду кишвар, ки шаҳрвандонашон ҳақи сафари бераводид барои як моҳро доранд, тиҷорат бисёр зиёд аст ва дар гузашта ҳам талош барои қочоқи пул ва асъори хориҷӣ дар марз дида шудааст.
Ҳалокати 5 сарбози покистонӣ дар марз бо Афғонистон
Артиши Покистон аз кушта шудани панҷ сарбози ин кишвар аз сӯи ниманизомиён дар минтақаҳои Куррам ва Вазиристони Шимолӣ, ҳаммарз бо Афғонистон хабар дод.
Хабаргузории "Рейтерз" рӯзи 26 октябр бо такя ба хабарномаи артиши Покистон гузориш дод, ки дар ин даргириҳо 25 ниманизомӣ кушта шудаанд. Артиши Покистон гуфтааст, ки ҷангҷӯён аз хоки Афғонистон вориди ин кишвар шудаанд.
Артиши Покистон афзудааст, ки ин ҳодиса ӯҳдадории ҳукумати Толибонро дар бораи ин, ки аз хоки Афғонистон ба касе осеб нахоҳад расид, зери суол бурдааст.
Ҳукумати Толибон ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст, аммо пеш аз ин изҳоротҳои ҷониби Покистонро беасос хонда буд.
Ин даргириҳо дар ҳоле рух дод, ки ҳайати ҳукумати Толибон ва Покистон дар Туркия барои гуфтугӯ дар бораи оташбас миёни ду тараф бо ҳам дидор карданд.
Имрӯзи севумин рӯзи нишасти Истанбул аст ва гуфта мешавад, ки ҳар ду тараф хостаҳояшонро ба якдигар пешниҳод кардаанд.
Оғози рейд дар пайи занозании муҳоҷирон дар Маскав
Дар пайи задухӯрди оммавии рӯзи 25-уми октябр миёни муҳоҷирон дар минтақаи истиқоматии "Прокшино" дар Маскав, пулис дастикам 80 нафарро боздошт кардааст. Вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард, ки ҳама шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин даргирӣ иштирок доштанд, ихроҷ хоҳанд шуд.
Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия дар телеграмканали худ навишт, ки ин ниҳод масъалаи бекор кардани шаҳрвандии ду тан аз ширкатдорони ин занозаниро баррасӣ мекунад. "Шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин занозанӣ даст доштанд, ихроҷ ва аз вуруди дигарбораи онҳо ба Русия ҷилавгирӣ мешавад",-навишт Ирина Волк.
Расонаҳои русӣ ва шоҳидон мегӯянд, ки муноқиша байни гурӯҳҳои коргарони хориҷӣ рух додааст, аммо сабаби занозанӣ маълум нест. Ҳамчунин маълум нест, ки ин муҳоҷирон шаҳрвандони кадом кишвар(ҳо) ҳастанд.
Ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷии Русия воқеаро задухӯрди байни ду гурӯҳи муҳоҷирон номидааст, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ онро вокуниши муҳоҷирон ба рафтори хушунатомези патрул ё гаштиҳои созмони "Русская обшина" номидаанд.
Дар видеоҳое, ки расонаҳои русӣ нашр кардаанд, дида мешавад, ки гурӯҳе аз афрод бо белу чӯб ба ҳам ҳамла мекунад ва шишаҳои мошинҳои таваққуфшударо мешикананд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирокчиёни муноқишаро, ки фирор карданд, ҷустуҷӯ доранд. Дар ҳамин ҳол, чанд нафар аз муҳоҷирони тоҷик зери ин наворҳо хабар доданд, ки дар пайи ин ҳодиса дар шаҳри Маскав рейдҳои густурда оғоз шудаанд.
Тибқи омори Вазорати корҳои дохили Русия, ҳудуди 6,3 миллион коргари хориҷӣ соли гузашта ба Русия сафар кардаанд, ки ҳудуди ниме аз онҳо аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҳастанд.
Пас аз ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар наздикии Маскав, ки боиси кушта шудани беш аз 145 нафар шуд, фишори мақомоти Русия ба муҳоҷирон афзоиш ёфт.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикистониро аз ин кишвар ихроҷ намудааст.
Владимир Путин дар нишасти ахири хабарии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 9 октябр дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, гуфт, ки дар Русия бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд.
Дар ҳамлаи Русия ба Киев се кас кушта шудааст
Шаби 25-уми октябр дар пайи ҳамлаи ҳавоии артиши Русия ба шаҳри Киев, пойтахти Украина 3 нафар кушта ва 29 кас захмӣ шудааст. Дар ин бора Игор Клименко, вазири корҳои дохилии Украина хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз қурбониён духтари 19 сола ва дуввуми модари 46 солаи ӯ мебошад. Шахсияти фарди сеюм маълум нашудааст.
Мақомоти Украина гуфтанд, пораҳои паҳпод ба як манзили баландошёна дар ноҳияи Десняскийи Киев бархӯрд ва боиси марги ин се нафар шуд.
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев гуфтааст, дар пайи афтидани пораҳои паҳпод ба як нуҳошёна чанд хона хароб шуд. Панҷ нафарро аз зери харобаҳо наҷот додаанд.
Неруҳои ҳавоии Украина хабар дод, ки шаби 25 ба 26-уми октябр неруҳои Русия ба сӯи шаҳрҳои Украина 101 дрон ё ҳавопаймои бесарнишин партоб карданд, ки 90 адади он раҳгирӣ ва нобуд шудааст.
Даъвати Қирғизистон аз Иттиҳоди Аврупо баъди эълони таҳримҳои нав
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз Иттиҳоди Аврупо даъват кардааст, ки таҳқиқи бетарафона гузаронда, сабабҳои таҳрим кардани се бонки қирғизиро дақиқ кунад.
Ин ниҳод ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки барои мубодилаи саривақтии маълумот гуруҳи кории "Қирғизистон-Иттиҳоди Аврупо" ташкил шавад.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон аз таҳрими чанд ширкати ин кишвар аз сӯи Иттиҳоди Аврупо таассуф карда гуфтааст, кишвар "уҳдадориҳои байнулмилалии худро қатъан иҷро мекунад".
Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23-юми октябр дар доираи бастаи 19-уми таҳримҳо алайҳи Русия чанд бонкро аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус таҳрим кард. Аз ҷумла филиали бонки русии ВТБ дар Қазоқистон, бонкҳои қирғизии "Толубай", "Бонки амонатгузории Авруосиё" ва бонкҳои тоҷикистонии "Спитамен", "Душанбе сити" ва "Коммерсбонк" таҳрим шуданд.
Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, пайомадҳои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди се бонки тиҷоратии кишварро меомӯзад ва барои кам кардани оқибатҳои манфии он "бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.”
"Ройтерс": ИМА алайҳи Русия таҳримҳои нав омода кардааст
Маъмурияти президент Доналд Трамп алайҳи Маскав таҳримҳои нав омода кардааст, ки бахшҳои муҳими иқтисоди Русияро фаро мегирад. Хабаргузории "Ройтерс" аз қавли манобеаш навиштааст, агар Русия ба поёни ҷанг дар Украина розӣ нашавад, таҳримҳои нави Амрико амалӣ мешаванд.
Маҳдудиятҳои нав метавонанд низоми бонкии Русия ва бахши содироти нафтро нишона бигирад. Ба маълумоти "Ройтерс", Украина ҳафтаи гузашта аз Вашингтон дархост кард, ки ҳама бонкҳои Русияро аз низоми долларӣ ҷудо кунад.
Ҳамсуҳбатони "Ройтерс" гуфтаанд, Кохи Сафед "вокуниши Маскав ба таҳримҳои ахиран ҷоришударо назорат дорад". Ба эҳтимоли зиёд, таҳримҳои нави ИМА алайҳи Русия дар моҳи октябр ҷорӣ намешаванд.
Дар Амрико ҳамчунин масъалаи истифодаи дороиҳои Русия баррасӣ мешавад. Иттиҳоди Аврупо мехоҳад аз ҳисоби дороиҳои Русия силоҳҳои амрикоӣ харида ба Украина бидиҳад. "Ройтерс" менависад, Вашингтон аз ин нақша пуштибонӣ кардааст.
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин мехоҳанд аз ҳисоби фоидае, ки аз дороиҳои Русия ба даст меояд ба Украина 140 миллиард доллар ҷудо кунанд. Киев танҳо дар ҳолате ин маблағро бармегардонад, ки агар Русия ба Украина ҷуброн пардозад.
Даъвати Толибон аз Тоҷикистон барои бунёди масҷиду мадраса дар Афғонистон
Толибон аз Тоҷикистон даъват кардаанд, ки мисли Узбекистон дар бунёди мадориси динӣ ва масҷидҳо дар Афғонистон саҳм бигирад. Посухи ҷониби Тоҷикистон ба ин пешниҳоди Толибон маълум нест. Ҳукумати Узбекистон дар моҳи августи соли гузашта санги бинои як мадрасаи диниро дар шаҳри Мазори Шариф бо маблағи 6 миллион доллар барои ҳазор толибилм гузошта буд.
Юсуф Вафо, волии вилояти Балхи Афғонистон, ки рӯзи 23 октябр ба Тоҷикистон сафар кард, дар чорчуби мулоқотҳояш бо мақомоти тоҷик, бо Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, низ дидор кардааст. Ӯ аршадтарин мақомдори Толибон аст, ки дар чаҳор соли ҳокимияти ин гурӯҳ бар Афғонистон, ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Балх, ин мақомдори Толибон хостори рафтуомади рӯҳониёни Тоҷикистон ба Афғонистон шудааст. "Мо ҳар ду кишвари исломӣ ҳастем",-гуфтааст ӯ дар мулоқот бо уламои динии Тоҷикистон.
Волии Балх дар ин мулоқот аз раҳбарашон Ҳайбатуллоҳ Охунзода "фақеҳи хуб ва воизи хуби аср" ёд карда, ба Саидмукаррам Абдулқодирзода нусхае аз Қонуни амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, суханрониҳо ва дастурҳои раҳбари Толибонро ҳадя додааст.
Дафтари волии Балх аксҳои нусхаҳоеро, ки ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳадя шудаанд, дар шабакаи Х нашр кард ва навишт, ҳадаф ин аст, ки "ҳадаф ва мафкураи моро дарк кунанд".
Ин хабарнома менависад, ки дар ин мулоқот шуморе аз рӯҳониёни барҷастаи тоҷик низ ҳузур доштанд.
Ҳарчанд мақомоти тоҷик ва расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи ин сафар то кунун хабаре нашр накардаанд, аммо телевизионҳои Афғонистон порчаҳоеро аз боздиди Юсуф Вафо ва ҳайати ҳамроҳи ӯ аз Масҷиди калони Душанбе (маъруф ба Масҷиди Қатар) нишон доданд, ки Саидмукаррам Абдулқодирзода ва дигар рӯҳониёни тоҷик ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.
Юсуф Вафо бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳам мулоқот кардааст. Ҷониби Толибон мегӯяд, ки ин сафар бо даъвати Душанбе ва ба ҳадафи иштирок дар нишаст бо Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, сурат гирифтааст.
Толибон як созмони тундрави динӣ аст ва дар Тоҷикистон як гурӯҳи мамнуъ ва террористӣ дониста мешавад. Ин гурӯҳ дар солҳои 1996-2001 қудратро дар Афғонистон дар ихтиёр дошт ва дар пайи ҳамлаи эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико, сарнагун шуд.
Толибон дар пайи вожгунии ҳукуматашон ба минтақаҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд ва аз онҷо ҳамлаҳои худро алайҳи низомиёни хориҷӣ ва афғон роҳандозӣ карданд.
Дар тӯли ҷанги бистсола бар асари ҳамлаҳои онҳо ҳазорон нафар аз нерӯҳои хориҷӣ, афғон ва ғайринизомиён кушта шуданд. Амрико ва Толибон рӯзи 29-уми феврали соли 2020 дар Давҳа, пойтахти Қатар, созишнома дар бораи поён додан ба ҷанги 19-сола дар Афғонистонро имзо карданд. Бо фирори президент Ашраф Ғанӣ дар 15 сентябри соли 2021, ин гурӯҳ дигарбора вориди Кобул шуд ва ҳукуматро ба даст гирифт.
Аз он замон то кунун, ҳеч кишваре ҷуз Русия ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки аз оғоз равобити гуногуне бо Толибон доштанд ва ҳатто ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ берун карданд, ҳоло бо Толибон робитаҳои хуб барқарор кардаанд.
Тоҷикистон дар ибтидо дар маҳофили сиёсӣ ва таблиғоти расонаӣ мавзеъгирии қотеъ алайҳи Толибон мекард ва ягона кишваре аз ҳамсояҳои Афғонистон дониста мешуд, ки ба мухолифини Толибон, пойгоҳ додааст.
Бо гузашти замон, нишонаҳое аз тағйир дар сиёсатҳои Тоҷикистон дар баробари ҳукумати Толибон ба вуҷуд омад. Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии худро бо Афғонистон ҳифз кард ва ҳоло ба ин ҳамсоякишвари худ барқ содир мекунад ва бозорҳои наздимарзиро фаъол нигоҳ медорад.
Толибон барои нақзи озодии баён ва расонаҳо, манъи занон аз кору таҳсил интиқод мешаванд. Созмонҳои байналмилалӣ ва мухолифони Толибон ин гурӯҳро ба ташкили ҳукумати яккақавмӣ ва ҷой додани гурӯҳҳои тундрав, муттаҳам мекунанд.
Аммо Толибон мегӯянд, ки ба ҳеч кас ваё гурӯҳе иҷозат намедиҳанд, ки аз хоки Афғонистон алайҳи ягон кишвар иқдоме сурат бигирад.
Гуфтугӯ