Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон дар СММ дар бораи Афғонистон, ҷанги Ғазза ва тағйирёбии иқлим сухан гуфт


Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23 сентябр дар 80-умин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард. Меҳвари суханронии Эмомалӣ Раҳмонро, кӯмак ба Афғонистон, қатъи ҷанг дар Ғазза ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим, ташкил медод.

Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла, аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки барои шаҳрвандони аз хушксолӣ ва заминларза осебдидаи Афғонистон кӯмак кунанд.

Дар пайи зилзилаи шашдараҷаии рӯзи 31-уми август, беш аз 2200 нафар дар шарҳи Афғонистон ҷон бохтанд. Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ба осебдидагони ин заминларза дар сад мошини боркаш маводи озуқа фиристодаанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бидуни ишора ба ҳукумати "Толибон" ё интиқод аз онҳо танҳо гуфт, кишвараш "ҷонибдори таъмини сулҳу субот, амнияти комил ва рушди иҷтимоиву иқтисод"-и Афғонистон аст.

Бахши асосии суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар СММ дар бораи тағйирёбии иқлим ва паёмадҳои он буд. Раиси ҷумҳур аз обшавии босуръати пиряхҳо ва офатҳои табиӣ марбут ба об дар Тоҷикистон нигаронӣ кард, аммо ба камбуди оби ошомиданӣ дар кишвар ишорае накард.

Эмомалӣ Раҳмон дар мавзӯи Фаластин бори дигар гуфт, Тоҷикистон бар ин назар аст, ки "сулҳи пойдор дар Ховари Миёна, танҳо дар асоси татбиқи қатъномаҳои Созмони Милал ва формулаи "ду давлат", имконпазир аст".

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори "оташбаси устувор" дар Навори Ғазза "ва дастрасии кумаки башардӯстона" ба ин борика шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин қабл низ дар муносибатҳои зиёде аз ташкили давлати мустақили Фаластин бо пойтахти он дар шаҳри Байтулмуқаддаси шарқӣ дар марзҳои соли 1967, ҳимоят карда буд. Амре, ки Исроил бо он мухолифати шадид дорад ва таъсиси кишваре бо номи Фаластинро дар ҳамсоягии худ намепазирад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод кард, ки дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ бунёд шавад. Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, таъсиси чунин марказ метавонад барои амалӣ кардани "лоиҳаҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти зеҳни сунъӣ мусоидат намояд".

Пешниҳод дар ҳоле садо медиҳад, ки дар радабандии ҷаҳонии навоварӣ дар соли 2025 Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама мақоми поёнро соҳиб шудааст. Суръати пасти интернет ва нархи баланди он аз монеаҳои асосӣ дар ин роҳ гуфта мешавад.

Рӯзи 23 сентябр дар ҳаштодумин Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид президентҳои Амрико, Туркия, Бразил ва Қирғизистон низ суханронӣ карданд.

Трамп дар суханронии худ Эронро "бузургтарни пуштибони терроризм дар ҷаҳон" хонд, аз СММ танқид кард ва гуфт, ки ба расмият шинохтани кишвари Фаластин, "подоше барои гурӯҳи "Ҳамос" аст.

Ӯ ҳамчунин аз муттаҳидони аврупоиш хост фавран хариди нафт аз Русияро қатъ кунад ва Чину Ҳиндро муттаҳам кард, ки бо харидҳояшон ҷанги Маскав алайҳи Украинаро таъмини молӣ мекунанд.

Президентҳои Туркия ва Бразил бо маҳкум кардани ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза, хостори қатъи ҷанг дар ин борика шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG