Cуръати пасти интернет ва норасоии қувваи барқ ду монеаи асосии ҷалби сармоя ба Тоҷикистонанд. Ин хулосаи мақомоти тоҷик аст, ки дар барномаи ҳукуматии ҷалби сармоя зикр шудааст. Коршиносон мегӯянд, талошҳои мақомот ба ҳалли ин ду мушкил кофӣ нест.
Рӯзи 23 октябр пулиси Русия дар анбори сабзавоти Екатеринбург рейд гузаронд, ки макони кори муҳоҷирони тоҷик низ ҳаст.
Дар шаҳри Хуҷанд филмеро ба намоиш гузоштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу ҳаёҳуро барангехта буд. Таҳиягараш Соҳибёри Толиб аст. Филм назари интиқодӣ ба даврони Шӯравӣ дорад ва гуфтугӯи наслҳои гузаштаву имрӯзро дар бар мегирад.
Дар шаҳри Хуҷанд филмеро ба намоиш гузоштанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу ҳаёҳу барангехта буд. Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” баҳори имсол дар Душанбе баргузор гардид. Таҳиягараш Соҳибёри Толиб аст.
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар як вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи се мавриди сарбозшикор ё ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ҳарсе ҳолатро рад кард. Аммо ҷустуҷӯ ва таҳқиқи бештар нишон медиҳад, ки баръакс раддияи вазорат ба воқеият рост намеояд.
Иржи Бечко. Шарқшиноси чех-шогирди ховаршиноси дигари маъруфи чех Ян Рибка. Донишманде, ки дар эроншиносии Аврупо тағйир овард ва бахшҳои онро аз дохил ба шакли ҷудогона пажуҳиш ва муаррифӣ кард.
Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, паёмадҳои таҳримоти Иттиҳоди Аврупо ба зидди се бонки тиҷоратии кишварро меомӯзад ва барои кам кардани паёмадҳои манфии он “бо шарикони байналмилалӣ машварат мекунад.”
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон Юсуф Вафо, дар Душанбе мулоқот кардаанд.
Иттиҳоди Аврупо дар доираи бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русия се бонки Тоҷикистонро ҳам ба рӯйхате ворид кардааст, ки ҳаргуна муомила бо онҳо манъ аст.
Вазорати корҳои хориҷӣ ё Департаменти давлатии ИМА ҳанӯз озмун ё лоторея барои дархости "Green Card" ё ҳақи иқомат дар Амрикоро эълон накардааст, вале сокинон дар Душанбе аз ҳоло барои ширкат дар ин барнома омодагӣ мебинанд.
Ёфтҳои бештар