Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи 29-уми сентябр эълон кард, ки Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил нақши сулҳи Амрико барои поён додан ба ҷанг дар Ғаззаро пазируфтааст. Тақрибан ду сол боз Исроил дар Ғазза алайҳи ҲАМОС, созмоне, ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ унвон мешавад, меҷангад. Тарҳи пешниҳодии Амрико оташбас дар Ғазза ва озодии гаравгонони исроилиро дар назар дорад, ки 7-уми октябри соли 2023 ҲАМОС ба гарав бурда буд.
Доналд Трамп пас аз мулоқоташ бо Бенямин Нетаняҳу шоми душанбе дар баробари хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, сарвазири Исроил ба тарҳи созиши сулҳ дар Ғазза розӣ шудааст. Ин тарҳ поёни ҷанги тақрибан дусола дар Ғазза ва озодии ҳамаи гаравгонони ҲАМОС-ро дар назар дорад.
Трамп гуфт: "Агар ҲАМОС инро қабул дорад, ин пешниҳод талаби раҳоии фаврии гаравгонҳоро дар фурсати на камтар аз 72 соат дар назар дорад.”
Як мақоми гурӯҳи ҲАМОС ба хабаргузории Рейтерз гуфтааст, ки ин пешниҳодро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
Нетаняҳу дар нуҳ моҳи охири баъди шурӯи даври дуюми раёсатҷумҳурии Трамп чор бор ба Амрико сафар кардааст. Сафари ӯ ва пазируфтани пешниҳоди Трамп барои сулҳ дар Ғазза дар ҳоле буд, ки ҳафтаи гузашта чанд кишвари ғарбӣ бар хилофи хости Амрико ва Исроил давлати Фаластинро ба расмият шинохтанд.
Трамп ҳарчанд ба расмият шинохтани давлати Фаластин аз ҷониби кишварҳои ғарбиро интиқод кард, вале талош кард, ки Нетаняҳуро барои пазируфтани ин тарҳ розӣ кунонад.
Вашингтон тарҳи сулҳи Ғаззаро ҳафтаи гузашта дар ҳошияи Маҷмааи умумии Созмони Милал ба кишварҳои араб ва мусалмон муаррифӣ карда буд.
Ин тарҳ, ки аз 20 банд иборат аст, берун шудани артиши Исроил аз Ғазза, бесилоҳ сохтани ҲАМОС, раҳоии гаравгонҳо ва ташкили ҳукумати давраи гузариш таҳти роҳбарии як ниҳоди байналмилалиро дар назар дорад.
Музокирот дар Қасри Сафед дар ҳоле сурат гирифт, ки тонкҳои Исроил рӯзи душанбе ба даруни бахши марказии шаҳри Ғазза ворид шудаанд. Мақомоти Исроил мегӯянд, инҷо охирин паноҳгоҳи ҲАМОС аст ва ҳадаф доранд, ин гурӯҳро комилан нобуд кунанд.
Дар ин ҷанг беш аз 60 ҳазор аҳолии Ғазза кушта шудааст ва созмонҳои байналмилалӣ ва аксар кишварҳои дунё Исроилро барои нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар айбдор мекунанд. Исроил мегӯяд, аз худаш дифоъ кардааст ва барои ояндаи амни ин кишвар зидди террористон мубориза мебарад.
Гуфтугӯ