“Ман, тақрибан 50 сол ҳаст, ки дӯсти фарҳанги Тоҷикистон ҳастам. Шумо мебинед, ки бисёр пир шудаам. Аммо кӯшиш хоҳам кард, ки боз дар оянда барои шинохтани фарҳанги Тоҷикистон, ҳунари Тоҷикистон корҳои дигар кунам ва барои оянда хубӣ орзу мекунам”.
Ин ҳақиқат, эътирофи марди 87-солаи донишманди аврупоиест, ки ниме аз умри худро вақфи эроншиносӣ, ба вижа забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикон кардааст. Ин пора аз суханронии кӯтоҳи ӯ аз охирин сафараш ба Тоҷикистон, моҳи сентябри 2002 дар яке аз нишастҳои Анҷумани тоҷикон ва форсзабонони ҷаҳон – “Пайванд” аст.
Иржи Бечко. Шарқшиноси чех-шогирди ховаршиноси дигари маъруфи чех Ян Рибка. Донишманде, ки дар эроншиносии Аврупо тағйир овард ва бахшҳои онро аз дохил ба шакли ҷудогона пажуҳиш ва муаррифӣ кард.
Яке аз пояҳои эроншиносии Аврупо
Академик Акбар Турсон мегӯяд, ки дар солҳои пурбаҳс ва пурмоҷарои бистуми қарни гузашта пас аз таҳаввул ва омадани ҳукумати шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ, нигоҳи ховаршиносии аврупоӣ ба тоҷикон хеле кам тағйир кард. Истилоҳи адабиёти форс-тоҷикро, ки устод Айнӣ сохта буд, кам касоне аз шарқшиносону адабиётшиносони ғарбӣ пазируфтанд.
“Ана ҳамин Бечко охирин узви ҳамиин силсилаи адабиётшиносони ҷавони ҳақгӯ бо сарварии Ян Рибка ва дигарон буд”, - мегӯяд академик Турсон.
Профессор Иброҳим Усмонов низ Иржи Бечкоро аз он идда ховаршиносоне медонад, ки мустақиман “халқи тоҷик”-ро тадқиқ кардаанд.
“Аксари шарқшиносони аврупоӣ ба тадқиқи Эрон, Эрон ба маънои ҳудуди имрӯзаи ҷумҳурии Эрон бештар машғул буданд. Гарчи ин хел тақсимот намекарданд, расман. Инҳо ҳам албатта дар бораи Эрон навиштаанд, гуфтаанд, вале дар мадди назарашон масъалаи Тоҷикистон, масъалаи Осиёи Миёна буд”,- андеша дорад Усмонов.
Иржи Бечко 16-уми октябри соли 1915 дар шаҳри Прага дар хонаводаи бонкдори маъруф ба дунё омадааст. Падараш чун дигар сарватмандони аврупоӣ мехост, писараш ҳуқуқ бихонаду манофеи тиҷоратии ӯро ҳимоят кунад. Бечко ҳуқуқшинос шуд, риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи Карловро хатм кард, вале ба шарқшиносӣ бартарӣ дод. Баъдан дубора факултаи фалсафа рафт ва ҳамроҳ бо академик Ян Рибка то сатҳи яке аз пояҳои қавии эроншиносии Аврупо расид.
Фарзанди маънавии Тоҷикистон
Салими Аюбзод, нависанда ва рӯзноманигор, аз дӯстони Иржи Бечко мегӯяд, академик Бобоҷон Ғафуров нахустин тоҷике буд, ки Иржи Бечко мулоқот кард ва ин дар сарнавишти эроншиносиву тоҷикшиносии ӯ нақши калидӣ бозид.
“Қабл аз он дар синни 20 солагӣ, Бечко ба Туркия сафар мекунад ва ба омӯзиши фарҳанги турк шурӯъ мекунад. Айнан ба монанди Армени Вамбери, ки аз Маҷористон ин корро карда буд. Аммо баъдан доираи пажуҳишоташ бештару васеътар мешавад ва ба фарҳангу адабиёти форсу тоҷик ошно мегардад. Аммо дар соли 1958 вақте ки Бобоҷон Ғафуров ба Прага меояд мақомоти Чех Бечкоро ба фурудгоҳ барои пазироӣ мефиристанд. Бечко бо лаҳни хуби тоҷикӣ, форсӣ Ғафуровро пешвоз мегирад. Ва вақте суҳбат мекунанд, Ғафуров мепурсад, ки бо чӣ машғул хоҳед буд, мегӯянд, ки ба омӯзиши таъриху фарҳанги Эрон. Аммо Ғафуров ба Бечко тавсия медиҳад, ки эроншиносон дар ҷаҳон хеле зиёданд, аммо тоҷикшиносон нестанд. Ва бо ҳамин суҳбати Ғафуров Бечко ба омӯзиши фарҳанг, таърих ва ҳунари Тоҷикистон машғул мешавад”, - мегӯяд Аюбзод.
Замони донишҷӯӣ, Бечко бо даъвати як дӯсташ, ки дар сафоратхонаи он замон Чехословакия дар Теҳрон кор мекард, пиёда ба Эрон сафар мекунад. Ин сафар пайванди Иржи Бечкоро ба Эрони фарҳангӣ ва ҳар падидаи мутааллиқ ба тамаддуни форсӣ барои як умр рақам мезанад. Пас аз ин нахустин навиштаҳои Бечко, матлабҳое чун ҳолнома ва осори Закариёи Розӣ дар соли 1943 ва тарҷумаи достони кӯтоҳи Садриддин Айнӣ “Кафшҳои Мулло Туроб” дар соли 1951 ба нашр мерасад.
Ҳафиз Раҳмон, устоди адабиёти кишварҳои хориҷӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон осори профессор Иржи Бечкоро безавол медонад.
“Ман чаро ин калимаро гуфтам, чунки хеле кам ҳастанд муҳақиқоне аз хориҷи кишвар, ки аввалан бисёр воқеъбинона ва бисёр мӯшикофона ва бисёр дақиқу густарда дар қаринаи адабу фарҳанги дунё, адабиёти як миллатро санҷанду ковиш таҳқиқ кунанда ба ягон хулоса биёянд. Иржи Бечко ҳамин гуна буд. Ин як паҳлу. Баъдан дурдонаҷӯ буд. Бори аввал дид, ки асари “Наводир-ул-вақоеъ” - и Аҳмади Дониш чӣ гуна як асари бунёдӣ аст. Ва инро гирифту ба чехӣ, баъдан ба инглисӣ тарҷума карду ба дунё ҳама ошно кард”, - мегӯяд Ҳафиз Раҳмон.
Мавзуи рисолаи хатми Бечко, вақте дубора дар риштаи фалсафаи донишгоҳ мехонд, дар бораи “Марги судхӯр”-и Айнӣ дар соли 1954 буд. Бечко соли 1958 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе омад ва як моҳ зиндагӣ кард. Дар баробари дидору суҳбат бо адибону донишмандон, фурсати бештарашро дар “Ганҷинаи дастхатҳо”-и китобхонаи Фирдавсӣ сипарӣ мекунад.
“Иржи Бечко аз ҳамонҳое буд, ки дар бораи дастовардҳои адабиёти мо дар солҳои 20-30-юм, бисёр густурда, бисёр зебо, тадқиқот гузаронд ва фазилати тадқиқоти Иржи Бечко ин аст, ки ба воситаи ин корҳои ӯ кишварҳои аврупоии ҳамон минтақа аз дастовардҳои адабиёти мо огоҳ шуданд”, - мегӯяд Абдулҳамид Самад, нависандаи мардумии Тоҷикистон.
Ба андешаи Абдулҳамид Самад Иржи Бечко ҳам дар бораи устод Айнӣ, Турсунзода, ҳам Ҷалол Икромӣ, Раҳимӣ, Пайрав то устод Лоиқ гӯем, ҳар падидаи тозае дар адабиёти мо пайдо мешуд, дар бораи онҳо назарашро менавишт. Аз нигоҳи ин нависанда Бечко дар бораи адабиёти классикии форсу тоҷик корҳои шоиста карданд, дар бораи Мавлоно, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ҳатто “Муш ва гурба”-и Зокониро баргардону чоп кард.
Чун ин донишманди аврупоӣ дар муаррифӣ ва тарғиби фарҳанг ва адаби тоҷик дасти болое пайдо кард, борҳо бо сафарҳои пажӯҳишӣ ва барои ширкат дар ҷашнвораҳо ба Тоҷикистон омад. Равобити танготанге бо донишмандоне чун Абдулғанӣ Мирзоев, Холиқ Мирзозода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аълохон Афсаҳзод, Акбар Турсон ва афроди зиёди дигар дошт. Рӯзноманигор Сайёфи Мизроб, ки шоҳиди яке аз охирин дидорҳои Иржи Бечко бо дӯсти деринааш адабиётшиноси маъруфи тоҷик, марҳум Соҳиб Табаров будааст, дидорро ин гуна тасвир мекунад.
“Ва ман як вохӯрии бисёр аҷиби гӯё ду ҳамкурс, ду шарикдарс, ду донишмандеро, ки як кореро анҷом медиҳанд, дидам. Соҳиб Табаров ҳатто бо сиёсат дод зада сари Иржи Бечко мегуфт, “фалон китобро хондӣ, бисмадон асари маро хондӣ, ё фалон одам фалон чиз навиштааст дар адабиёти муосири советӣ, хондӣ. Барои Соҳиб Табаров ва Иржи Бечко ягон марзи забониву ягон марзи ватаниву худиву хориҷиву бегонагӣ набуд. Онҳо атрофи адабиёти муосири тоҷик ҳамчун ду тоҷик суҳбат мекарданд” - нақл мекунад рӯзноманигор.
Шефтаи фарҳангу тамаддуни Хуросон
Сару кор гирифтан ба таҳқиқи забону адаб ва фарҳанги тоҷикон ин ховаршиноси маъруфро ба яке аз дилдодагони тамаддуни мардумони эронӣ, аз ҷумла тоҷикон табдил дод. Мунира Шаҳидӣ, фарҳангшинос ва пажӯҳишгари равобити фарҳангӣ, ки борҳо бо Иржи Бечко дар Душанбе ва Прага мулоқот доштааст, далели рӯй овардани ин донишмандро ба тоҷикон ба шахсияти худи ӯ марбут медонад.
“Яке аз он мунаққидон ва олимони бузурги Аврупо буданд, ки ба Тоҷикистони хурдакак ва то андозае камбағал рӯ оварданд. Маълум буд, ки гап на дар даромади молӣ барои эшон, балки барои равшан намудани иқтидори тоҷикон дар бунёди сулҳу сулҳофаринӣ аст. Иржи Бечко бисёр хуб фалсафаи халқҳои форсизабонро медонист, ки худи фалсафаи тоҷикон фалсафаи пайванд аст.”
Гулноз Исфандиёрӣ, хабарнигори бахши форсии Радиои Озодӣ ҳам мегӯяд, ки Бечко он қадар ба фарҳангу тамаддуни эронӣ фурӯ рафта буд, ки таҷлил ва эҳтироми расму оинҳои форсӣ ҷузъе аз зиндагияш шуда буд.
“Ҷашнҳои Наврӯз баргузор мекарданд дар Прог бо хонуми Иржи Пансово ва дӯстони дигар. Дар он ҷо ҳафт син мегузоштанд, аз ҳама даъват мекарданд ва хеле фаъол буданд ва хеле алоқа доштанд ба одобу сунуни мо, аз ҷумла Наврӯз барошон хеле муҳим буд”.
Ишқу алоқа ба тамаддуни форсӣ натанҳо шомили корҳои иҷтимоии ин донишманд гашта, балки ба ҷузъи муҳиме аз зиндагии хусусиаш табдил шуда буд. То ҷое, ки ба фарзандонаш номҳои шарқӣ гузошта буд: Лайло, Оиша ва Зинат.
Илҳом Ҷамолиён, рӯзноманигори тоҷик дар оғози солҳои 2000 дар Прага меҳмони хонадони Бечко шуда буд, мегӯяд, хонааш бо доштани намунаҳои зиёд омезише аз фарҳангу мардумдории форсзабонҳо буд.
“Аввалин чизе, ки маро мутаассир кард, ин муҳити ҳамон хона буд. Вақте ки даромадам дар ҳама ҷо як нишонаеро медидед, нишонае аз Тоҷикистон, нишонае аз Хуросони бузург, нишонае аз Эрони бузург. Он ҷо либосҳои тоҷикӣ буд, китобҳои тоҷикӣ буд, китобҳои форсӣ буд, асбобҳои мусиқии мардуми форснажод буд. Ва бисёр чизи таъсирбахше буд ин манзара”,- нақл мекунад Ҷамолиён.
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, дар китоби “Ҳикояҳои оканда аз ҳаёт” менависад, ки соли 1980, замоне ки таҳти сарпарастии ЮНЕСКО дар Иттиҳоди шӯравӣ ҳазораи Сино таҷлил мешуд, Иржи Бечко дар Бухоро дар яке аз конфронсҳои ҷашнӣ дархост медиҳад, ки мехоҳад дар бораи Сино бо тоҷикӣ суханронӣ кунад.
“Раиси маҷлис гуфтааст, ки:
-Ба забони тоҷикӣ мумкин не. Ба русӣ ё ба узбекӣ.
Иржи Бечка боз навиштааст, ки:
-Ман ба забони Ибни Сино мехоҳам сухан бикунам, дар рӯзи ҷашни Ибни Сино, яъне, ба забони тоҷикӣ. Оқибат ба Иржи Бечка сухан надоданд. Имкон надоданд, ки суханронӣ кунад. Хеле зиқ шуд. Хеле қаҳраш омад. Чун ба танаффус баромадем, ман ҳеҷ вақт Иржи Бечкаро ин қадар хашмин, қаҳролуд надида будам. Ӯ бисёр шахси ҳалиму нарм буд. Аммо он вақт дидам, ки бисёр хашмаш омада буд”,- менависад Шакурӣ.
Аз сӯи дигар хидматҳои мондагори Бечко ӯро ба шахсияти маҳбуб дар Тоҷикистон бадал карда буд. Манфред Лоренс ховаршиноси маъруфи олмонӣ ва аз дӯстони Бечко, дар яке аз навиштаҳояш бо номи “Дӯсти бузурги Тоҷикистон” ба ин маҳбубияти дӯсташ ишора кардааст:
“Ман дидам, ки мардуми Тоҷикистон чи қадар ӯро дӯст доранд ва ба ӯ эҳтиром мегузоранд. Дар Кохи Борбад Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, иттифоқан дар канори мо буду ногаҳон баргашту Бечкоро дид ва дар оғӯш гирифт. Дӯстони тоҷики ӯ медонистанд, ки Бечко чӣ қадар барояшони азиз ва муҳим аст.”
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон соли 2014 ҳангоми ташрифи раисҷумҳури вақти Чех ба Тоҷикистон Милош Земан, аз хидматҳои Иржи Бечка ёд овард:
“Ман бо камоли қаноатмандӣ мулоқотҳои худро бо яке аз олимони номдори он марҳум доктор Иржи Бечко – шогирди Ян Рипкаи бузург дар хотир дорам, ки ӯро инҷо бо эҳтиром “домулло Бечка” мегуфтанд. Ҳар ду ин абармарди илм дар амри омӯхтан ва ба дунё муаррифӣ намудани забону адабиёти тоҷикон саҳми бузурге доранд. Мо, албатта, хотираи онҳоро пос медорем ва кореро, ки оғоз карданд, идома доданӣ ҳастем”,-гуфт Раҳмон.
Оё кӯчаи Иржи Бечка дар Душанбе пайдо мешавад?
Ин донишманди барҷаста, декабри соли 2004 дар синни 89-солагӣ, дар Прага даргузашт. Қисме аз осор ва бойгонии ӯ ба Пажӯҳишгоҳи Ховаршиносии Чех ва қисме ҳам ба осорхонаи мардумшиносии ин кишвар ҳадя шуданд. Ба навиштаи рӯзноманигор Салим Аюбзод баъда бар пояи ин осору нигораҳои ҷамъовардаи Бечко дар ин осорхона “Гӯшаи Тоҷикистон” боз шуд.
Бечко дар баробари пажӯҳиш, осори зиёди шоиру нависандагони тоҷик ва ҳамин тавр тамоми ҳавзаи забони форсиро ба чехӣ баргардон ва нашр кардааст. “Таърихи адабиёти форсу тоҷик” асари бунёдӣ ва асосии Бечко дар Аврупо дар робита ба эроншиносӣ аст, ки борҳову борҳо такмилу бознашр шудааст. Ӯ муаллифи китоби дарсии забони тоҷикӣ барои мактабу донишгоҳҳои Чех, муаллифи “Фарҳанги форсӣ ба чехӣ ва чехӣ ба форсӣ”, ки бо номи “Луғати Бечко” маъруф аст ва осори нашрношудаи дигар дар робита ба забону адабиёти тоҷик аст.
Ӯ солҳои охири умр раиси анҷумани дӯстии Чех бо Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон буд. Тоҷикистон дар соли 1985 70 солагии Иржи Бечкоро дар Душанбе бо ҳузури худи эшон таҷлил карда буд. Ба ӯ ҷоизаи адабии ба номи Айниро низ тақдим карда буданд. Аммо акнун дар шаҳре, ки Иржи Бечко борҳо он омадаву қисми зиёди осорашро гирд оварда буд, ёдворае аз ин донишманд нест. Бештари соҳибназарон ҷонибдоранд, ки ба номаш кӯчае ё муассисаи фарҳангие мусаммо шавад. Ба ифтихори донишманде, ки худ гуфта буд: “ Ман агар фарзанди биологии мардуми чех бошам, фарзанди маънавии Тоҷикистонам”.
Гуфтугӯ